Чиҳил сол пеш дар “Комсомоли Тоҷикистон”. Суҳбат бо Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакард

mirsaid-mirshakarИн суҳбат, ки моҳи октябри соли 1983, яъне наздик ба чиҳил сол пеш нашр шудааст, суҳбати ҳамон рӯзу ҳамон солҳост. Ҳамон рӯҳияи шикастнопазири садоқат ба кори ҳизби коммунист, комсомоли ленинӣ, ки Мирсаид Миршакард худ дастпарвари он буд. Мо онро танҳо ба он хотир бознашр мекунем, ки хонанда донад, шоири бузурги миллат дар бораи ҷавонон чӣ андешаҳо дошт. Ва мавзуи садоқат имрӯз ҳам бегона нест, гарчи он ҳизбу он комсомол дигар вуҷуд надорад, вале идеяи созандагӣ ва садоқат ба Ватану миллат ҳамон аст, ки буд.

Аз суҳбат мо чизеро каму ба он чизе наафзудем. Ҳатто истилоҳоти он солҳоро нигоҳ доштем, ба ҷуз ислоҳи ҳарфҳои крилии русӣ, ки имрӯз дар мо корбурд надоранд.

Ҳамсуҳбати Шоири Халқи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Мирсаид Миршакар хабарнигори “Комсомоли Тоҷикистон” ва имрӯз шоири шинохта Аҳлиддин Ҳисорӣ аст. Сипос ба ҳамкорамон аз бахши Матуботи даврӣ Нуримеҳан Маҳмадбекова, ки ба заҳмат ин суҳбатро рӯнавис кард.

– Устоди мўҳтарам дар давоми солҳои мавҷудияти республикаи Тоҷикистон шумо шоҳиди зиндаи дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми сохаҳои ҳаёти он будед. Дар барқарор ва ташкили республикаи ҷавон, дигаргуниҳои он, албатта роли комсомолону ҷавонон бузург аст. Мехостем дар ин бора чан сухан мегуфтед.

–   Ташкил ёфтани республикаҳои сотсиалистии Осиёи Миёна, аз ҷумла республикаи Сотсиалистии Тоҷикистон, махсусан барои мустамликадорони мағрибзамин баъд аз Револютсияи Октябри Кабир зарбаи шикастоваре буд. Ҳам дўстон ва ҳам душманони синфии мо хуб медонистанд, ки дар дарвозаи Шарқи мазлум машъале афрўхта шуд, ки шоми торики халқҳои мазлуми шарқи мустамликаро равшан, хоби ғафлат мондагонро бедор ва ба мубориза рўҳбаланд хоҳад намуд. Мубориза дар шаҳру қишлок барои ҳаёти нав сар шуд. Дўстон ба ёрии мо, душманони маккор бар зидди мо ба по хестанд.

Республикаи ҷавони Тоҷикистон дар вазъияте ташкил ёфт, ки мамлакати аз нав озодшуда аз ҳар ҷиҳат қафомонда буд. На фабрика доштему на завод, на роҳи оҳану мошингарде на муассисаҳои маданиву равшаннамоӣ на мактабҳои оливу Академияи улум. Мамлакат зироатӣ буд, вале  хоҷагии қишлоқаш пароканда, қафомонда ва каммаҳсул буд.

Лекин боварӣ ба кори саркардаи худ, ба идеяи музаффари худ, ба дўстии шикастнопазири халқҳо болу пар дар парвози уқобонаи мо буданд. “Бо меҳнати диловарона республикаи ҷавони худро ба республикаи пешқадами сотсиалистӣ табдил медиҳем”-чунин буд шиори илҳомбахши он рўзҳо, ки чун таронаи муқаддас вирди забони пиру ҷавони сарбозони меҳнат гардид.

Садои таркишҳои нахустин аз сар шудани сохтмонҳои биноҳои фабрику заводҳо, маданиву равшаннамоӣ, мактабҳои оливу миёнаву ибтидоӣ, сохтмонҳои роҳҳои оҳану мошингард, наҳрҳо ва ҷўйборҳо хабар медоданд. Ҳар рўзе  хабари хуши наве!

Бояд махсус қайд кард, ки комсомоли республика, ки дар ҷангҳои гражданӣ обу тоб ёфта буд, қувваи бузурги сохтмонҳои нав гардид. Аксари сохтмонҳои азими республикаро ба шефӣ гирифт.

Ташкили республикаи Тоҷикистон дар ҳаёти мардуми тоҷик дигаргуниҳои азим ба вуҷуд овард. Дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёт адабиёти советии тоҷик низ мазмуну мундариҷаи худро дигар кард. Ба фикри шумо ин воқеаи муҳим дар адабиёти тоҷик чӣ гуна акс ёфт ва онро адибони тоҷик чӣ гуна пешвоз гирифтанд?

– Дар охири солҳои бистум ва аввали солҳои сиюм дар адабиёти ҷавони советии тоҷик, ки асосгузорони он Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ буданд, ҷавонони соҳибистеъдод – Мирзо Турсунзода, Ҳаким Карим, Абдусалом Деҳотӣ, Рашид Абдулло, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Алӣ Ҳуш, Ғанӣ Абдулло, Фотеҳ Ниёзӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, сонитар Ҳабиб Юсуфӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон дохил шуданд. Инҳо аввалин хушбахтоне буданд, ки дар даст дипломҳои мактабҳои оливу миёнаи советӣ доштанд. Ин ҷавонони соҳибистеъдод аз ҳаёти пурҷўшу хурўш илҳом гирифта, ба хизмати синфи ғолиби худ ба майдон чолокона қадам гузоштанд. Дар маҳалҳо ба сифати муаллим, корманди комсомол, котибу раиси ҷамоат журналист кор мекарданд. Алоқаи зич доштан ба ҳаёт ба нависандагони ҷавон имконият дод, ки он дигаргуниҳои азиме ки дар ҳаёти республика бо роҳбарии партияи ленинӣ ва ёрии беғаразонаи халқҳои мамлакати сермиллати Советӣ ба вуҷуд омада истода буданд, дар романҳо,  повестҳо, достонҳо ва намоишномаҳои худ ҳакқонӣ ва реалистона тасвир намоянд. Чунин асарҳо, ки бе номбар намудани онҳо таърихи адабиёти тоҷик хира аст, бо қалами  нависандагони ҷавони он солҳо офарида шудаанд: – “Пўлоду Гулрў” (Рахим Ҷалил), “Тирмор” “Шодӣ” (Ҷалол Икромӣ), “Шўриши Усмон” (Алӣ Хуш), намоишномаи “Ҳукм” (Мирзо Турсунзода), “Вахш” (Ғанӣ Абдулло), “Шодмон” ва “Калтакдорони сурх” (Сотим Улуғзода), “Рустаму Сўҳроб” (А Пирмуҳаммадзода ва Ғ. Абдулло) ва дигарон.

Дар он солҳо таваҷҷўҳи нависандагони ҷавон ба мавзўъҳои ҷанги гражданӣ ва азнавсозии ҳаёт дар қишлоқ бисёртар ҷалб шуда буд. Ба сохтмонҳо, ки сохтмони Вахш калонтарини онҳо буд, нависандагони ҷавон вақт ба вақт мерафтанд, шеъру ҳикояҳо менавиштанд, лекин асари калони намоишномаро танҳо Ғанӣ Абдулло навишта буд. Алӣ Хуш повести худ “Ду фронт”- ро ба анҷом расонда натавонист.

– Шумо ҳамчун шоири “насли комсомол” дар бораи равияи асосии эҷодиёти адибони ин насл чӣ гуфтаниед?

– Хизмати нависандагони насли “комсомол” дар пойдор намудани назми реалистӣ ва ба мавзўи замонавӣ мутеъ гардондани он сазовори таҳсин аст. Хишти нахустин дар бунёди шеърҳои ҳиндустонӣ ва “Садои осиё”, ки  суруди муборизони озодихоҳии Осиёву Африқо гардиданд, маҳз дар ҳамон солҳо гузошта шуда буд.

–   Аз давраҳои  инкишофи адабиёти советии тоҷик, ба фикри шумо, кадом даврааш пурфайзу муҳимтар аст?

–  Гузориши ҳар давра дар инкишофи адабиёти тоҷик, қатъи назар аз ҳаҷмаш пурфайзу муҳим аст. Дар урфият мегўянд, ки зарра зарра ҷамъ гардад, оқибат дарё  шавад.

– Дар бораи вазъияти адабиёти имрўзаи тоҷик чӣ гуфтаниед? Оё он талошу хурўши адибон, ки дар давраҳои пеши адабиёти тоҷик дида мешуд, имрўз коста шудааст?

–    Ман на аз онҳое ҳастам, ки гоҳ ногоҳ ғурбат мекунанд, ки “ҷавонони ҳозираро” бинед, магар ҳамин хел будем?” Нависандагони ҷавони имрўза онҳое ҳастанд, ки диданашон ва мутолиаи асарҳои бо забони тозаи бадеии тоҷик навишташудаашонро ҳанўз ба съезди нахустини нависандагони тоҷик устодони мо – С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ орзу карда бурданд, “Ҳар яке аз ин наслҳо – мегўяд Ю. В. Андропов , – ногузир ба таҷрибаи насли пешина такя карда, дар фаъолияти эҷодӣ усулу воситаҳои навро ҷорӣ намуда, ба шароиту вазъияти замонаш худро мувофиқ кунонда, оламро ба тарзи худ тақдир ва дарк мекунанд”.

Партия одамони соҳибистеъдодро ҳурмат ва эҳтиёт мекунад, ба шаклу усули кори эҷодкор дахолат накарда, ҷустуҷўи эҷодии вайро эҳтиром мекунад, вале ба мазмуни идеявии санъат бепарво буда наметавонад. Хонандаи советӣ аз нависанда умуман асари бадеиро не, балки он гуна асар интизор, ки барои чун гражданинҳои ҷамъияти сотсиалистӣ, чун бинокори фаъоли комммунизм бо қоидаҳои идеявӣ, ахлоқу манфиат ва дараҷаи баланди маданияти меҳнат ва тарзи рафтори ба онҳо хос тарбия намудани наслҳои наврас ёрӣ расонанд.

–     Ёрӣ ва таъсири адабиёти халқҳои бародар, аз ҷумла адабиёти рўс, ба адабиёти тоҷик дар чӣ зуҳур меёбад?

–     Болу пари ҳар адабиёту санъат рўҳи интернационалистии он аст. Бе омӯхтани маданияти халкҳои ҷаҳон ва оқилона истифода бурдан аз он пеш бурдан ва ғанӣ гардондани маданияти ҳазорсолаи миллӣ имконнопазир аст. Натиҷаи ин омўзиш буд, ки дар адабиёти имрўзаи мо чунин жанрҳо ба вуҷуд омаданд; – роман, повест, намоишнома барои театру кино, адабиётӣ бачагону наврасон ва ғайра. Дуруст аст, ки гузаштагони мо барои равнақу ривоҷи наср ва адабиёт барои кўдакон кўшишҳо доштанд, лекин ин кўшишҳо амалӣ ва пойдор дар замони мо гардиданд.

Баъди чанде 50-солагии азхудкунии заминҳои Вахш ҷашн гирифта мешавад. Шумо чун иштирокчии бевоситаи “Вахшстрой” гуфта метавонед, кадом тарафҳои муҳими ин сохтмони азим дар осори адибон акс нагардидааст. Умуман, шумо доир ба ин сохтмон чи гуфтаниед.

– Мавзуи намоишномаи “Гулҳои кўҳӣ” – и ман, ки ҳанўз ба саҳнаи театр гузошта нашудааст, меҳнати диловаронаи бинокорони яке аз сохтмонхои азими солҳои сиюм (сохтмони Вахш калонтарини онҳо буд) )мебошад, ки бо ин суханон анҷом меёбад: “Партияи мо, халқи мо. Ватани мо,-ин иншооти нахустинро, ки ибтидои иншоотҳои азими ояндааст, аз фарзандони солҳои сиюми худ қабул кунед!”

Дар мавзуи азхудкунии заминҳои водии Вахш ба ҳар ҳол асари намоёнтаре “Замини падарон” – и Юсуф Акобиров мебошад. Мавзўи ба водии бахт табдил додани заминҳои ҳазорсола  хобидаи водии Вахш чун баҳр беканор аст ва интизори нависандагон, шоирон, композиторон ва расссомони ҷавони соҳибистеъдод мебошад.

–     Чун сохтмонҳои Вахш имрўзҳо сохтмони ГЭС – ҳои Роғун Бойғозӣ сохта шуда истодаанд. Шумо ба адибони тоҷик, махсусан ҷавонон дар бораи кадом масъалаҳои ин азаматхо навиштанро маслихат медиҳед?

– Асарҳои Муҳиддин Хоҷаеву Юсуф Акобиров дар бораи одамони эъҷозкори сохтмони Норак чун сарахбори достони азим дар бораи қувваи тавонои дўстии халқҳо буданд, хонанда интизори давоми он аст.

Ҳар нависандае, ки ба сохтмонҳои Нораку Роғун рафта, қувваи тавонои дўстии Ленинии халкҳоро, ки кўҳро ба кўҳ расонда пайванд мекунад, роҳи дарёҳои пурхашми кўҳиро мебандад, бо қувваи кўҳафгани онҳо чархи машинаҳоро ба гардиш дароварда, ҳазорон хонаҳоро бо нури илъичӣ мунаввар мегардонад, дидааст бемаслиҳати дигарон бояд хуб донад, ки дар кадом мавзўъ асар нависад. Танҳо ҳаминро бояд гуфт, ки барои навиштани асари бадеие, ки писанди хонанда бошад як бору ду бор дидану шунидан кам аст. Барои ба даст даровардани дурри мақсуд борҳо дар баҳри ҳаёт ғутта хўрдан лозим меояд.

– Устод! Дар арсаи адабиёти имрўзаи тоҷик адибони ҷавони зиёде ҳунарнамоӣ мекунанд. Оё ҳамаи онҳо дар ин майдон хуб ҳунарнамоӣ мекунанд?

–     Дар яке аз сўҳбатҳои завқовари худ бо нависандагони ҷавони деҳот Михаил Иванович Калинин гуфта буд, ки дар мамлакати Советии мо асарҳои ҳазорон нависандагони ҷавон дар саҳифаҳои матбуоти даврагӣ ба чоп мерасанд. Ин қонунист: “…бояд ҳазорон нависанда ҳунарнамоӣ кунад, то ин ки яке аз онҳо ба арсаи ҷаҳонӣ барояд”.

Тафовути адибони ҷавони солҳои охир аз солҳои пеш аз ҳар ҷиҳат назарнамоён аст. Қариб дар дасти ҳар якеашон дурдонаи ҳунар мавҷуд аст. Лекин ин дурдонаҳоро на ҳама вақт дуруст ва дар ҷояш истифода мебаранд. АЗ РЎЗИ НАХУСТИ ҚАЛАМ БА ДАСТ ГИРИФТАН НАВИСАНДАИ ҶАВОН БОЯД ҶАВОН БУДАНИ ХУДРО ФАРОМЎШ КУНАД, МАСЪУЛИЯТИ НАВИСАНДАГИИ ХУДРО ЧУН НАВИСАНДАИ КАЛОНСОЛ ҲИС КУНАД. Ба таҷрибаи устодони худ такя намуда, дар фаъолияти эҷодӣ усул ва воситаҳои нав эҷод кунад.

Дар бораи имрўзи Комсомоли ленинии Тоҷикистон чӣ андеша доред?

– Комсомоли ленинии Тоҷикистон отряди пешқадами комсомоли ленинии умумииттифоқӣ мебошад ва дар муваффақиятҳои рўзафзуни Ватани кабири мо бо роҳбарии Партияи Комунистӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Ватан ба диловарии фарзандони худ мефахрад.

Дар айни ҳол ба назар гирифтан лозим меояд, ки барои ба чунин сифату хислати олӣ соҳиб шудани ҷавонон кори тарбиявию сиёсӣ бояд чун ғизои рўҳӣ ногузир бошад. Дар урфият мегўянд, ки:

Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе  нашуд.

Аз “Комсомоли Тоҷикистон, 28 октябри соли 1983.

Таҳияи Нуримеҳан Маҳмадбекова,
мутахассиси шуъбаи
матбуоти даврӣ.