Чиҳил сол пеш дар “Садои Шарқ”. Як мактуби Пўлод Толис

pulod-tolisИн мактуби Пӯлод Толис, нависандаи маъруфи тоҷик соли 1983, яъне чиҳил сол пеш дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст. Аслан нома дар идомаи мақолаи Мулло Боқӣ “Ду рӯз бо Толис” чоп шудааст. Мактуб ба худи мақола ҳеч иртиботе надорад, муаллифи мақола дар анҷоми хотироташ аз мулоқот бо адиби зиндаёд ҳамин номаро овардааст.

Пӯлод Толис ба тарҷумони ҳикояҳои худ Инна Сергеевна муроҷиат мекунад ва аз ӯ аз “фориғболии худ” маъзарат мехоҳад. На дар мақолаи Мулло Боқӣ ва на дар поварақи “Садои Шарқ” дар бораи тарҷумон маълумоте нест.

Матни комили нома ин аст:

Ассалому алайкум Инна Сергеевнаи азиз!

Аввало барои фориғболиям, ки натавонистам ба мактуби Шумо ҷавоб гардонам, маъзарат мехоҳам. Ҳамин тавр шуд, ки ман аз мактуби муфассали Шумо роҷеъ ба журнал ранҷидам. Ба назарам чунин расид, ки Шумо ҷиҳатҳои хуби кори моро ба инобат нагирифтаед ва ҳаминро ҳам аз мадди назар партофтаед, ки «Ш.С.» ягона журнали адабӣ буда, маҳз аз ҳамин ҷиҳат бояд гуногунҷабҳа бошад ва ҳоказо. Сониян, мо имконият наёфтем, ки тақризи бо китоби Икромӣ навиштаи Шуморо чоп кунем. Мақолаи Шумо- «Масъалаҳои адабиёт»-ро ҳамроҳи ҷомадони ман дуздиданд. Рост аст, ки ҷиҳози ҷомадон ёфта шуд, вале дузд мақоларо, билети аъзогӣ ва боз як ҳуҷҷати дигарро нобуд (оташ задааст) кардааст, Бо вуҷуди он ман худро гунаҳгор ҳис мекунам ва хоҳиш дорам, Инна Сергеевнаи азиз, маро маъзур медоред!

Ман бароятон аз  Янтоқи дурдаст, маркази райони Мастчоҳи нав, менависам. Шояд ба Шумо маълум бошад, ки ман аз кори журнал кайҳо боз озод шудам ва ҳоло дар заминҳои навкорам гаштугузор дорам, чунон ки мегўянд, «Ҳаёт меомўзам». Ба ростӣ, ки дар ин ҷо, дар Янтоқ ҳаво хеле гарм аст, шароити зиндагӣ низ чандон хуб нест, ки ҷои ҳавас дошта бошад; пашшаҳои шаб безор мекунанд, вале мушоҳидаи ҳаёти мардум, шиносоӣ бо одамон, сўҳбат бо онҳо ва сайру гашти киштзорҳо хеле ва хеле аҷиб аст. Мардуми масчоҳӣ бошад ба таври ҳайратовар баистеъдод ва ба таври ҳайратангез зарифанд. Ҳама олами атроф нав аст-аз мардуму хонаҳо сар карда, то техникаву асбобҳои зарурии рўзгор. Дар ин бора ягон вақти дигар менависам ва ё ҳеҷ набошад ҳикоя мекунам. Алҳол аз Шумо хоҳиш мекардам, ки бори дигар тарҷумаи «Дар сари роҳи калон»-ро аз назар мегузарондед (масъалаи мачмуаи ба забони русӣ, алҳол ҳал шуд). Бояд иқрор шавам, ки маро варианти якуми тарҷума бештар маъқул шуд, ҳарчанд, ки инаш ҳам бад нест. Илова бар ин дар матни фиристодаи Шумо як саҳифа (чаҳорум) намерасид, ман ба умеде, ки Шумо ин саҳифаро дар хонаи худ меёбед, тарҷумаи таҳтуллафзии онро барои эҳтиёт тайёр кардам. Ба назардошти худатон хоҳиш мекунам барои ман бо адреси зайл ҷавоб фиристонед: Сталинобод, Ленин, 52 кв 28 (моҳи сентябр ман ба Сталинобод меравам).

То боздид, Инна Сергеевнаи азиз, бори дигар хоҳиш мекунам, ки аз ман хафа нашавед.

Бо эҳтиром П. Толис

Аз маҷаллаи “Садои Шарқ”, соли 1983, №7.
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахассиси шуъбаи матбуоти
Даврӣ.