Чиҳил сол пеш дар “Тоҷикистони советӣ”. Ҷоизаи Андерсен ба Убайд Раҷаб

Убайд-РаҷабЧиҳил сол пеш, яъне моҳи майи соли  1983 рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) хабар дод, ки шоири маъруфи кӯдакнависи кишвар Убайд Раҷаб ба ҷоизаи байналмилалии ба номи Г.Х. Андерсен шарафёб шуд. Дар хабар, ки бо номи “Мукофт муборак” чоп шудааст, мехонем:

Шоири дўстдоштаи бачаҳо Лаурати мукофоти комсомоли ленинии республика Убайд Раҷаб барои хурдсолон бештар аз бист китоб навиштааст. Соли 1981 мунтахаби асарҳои ў барои хурдсолон зери номи «Ману ҷўраҳои ман»  (нашриёти «Маъориф»)  ва ба забони русӣ дар нашриёти «Детская литература» (Москва) зери унвони «Бўи замин» аз чоп баромад.

Чанде пеш хабари хуше расид. Шоир Убайд Раҷаб бо қарори шўрои байналхалқии адабиёти кўдакон барои китоби «Бўи замин» сазовори мукофоти байналхалқии ба номи Г.Х. Андерсен гардид.

Идораи газета шоирро ба ин муносибат муборакбод мегўяд ва чанде аз сурудҳои тозаи барои хурдсолон навиштаи ўро ба хонандагон пешниҳод мекунад.

 

Олуча, гули бодом

«Олуча,  гули бодом,
Ман духтараки додом»
Додом дарав мекунад,
Ман нонбараки додом.

«Олуча, гули бодом,
Ман духтараки додом»,
Додом ғарам кунад, ман
Дарзабараки додом.

«Олуча, гули бодом,
Ман духтараки додом»,
Додом агар дам гирад,
Ман дар бараки додом.

«Олуча, гули бодом,
Ман духтарки додом»,
То бегаҳӣ мегардам,
Гирди сараки додом.

ОФТОБ,  ОФТОБ

Офтоб, офтоб, эй офтоб,
Куҷо мекунӣ шитоб.
Боло-болои кўҳҳо
Равонастӣ то куҷо?

Хона дар куҷо дорӣ?
Бачча мисли мо дорӣ?
Дар куҷо меравӣ хоб,
Офтоб, офтоб, эй офтоб?

Ту аз куҷо меой,
То куҷо раҳпаймоӣ?
Чанд ағбаро гузаштӣ,
Дар раҳ хаста нагаштӣ,

Бенону беқанду об,
Офтоб, офтоб, эй офтоб?
Бо пайраҳи кўҳистон,
Аз паят ҳастам равон,

Хонаатро мекобам,
Дар хонаат мехобам,
Сўи ту дорам шитоб,
Офтоб, офтоб, эй офтоб?

«Тоҷикистони совети» 22 май соли  1983

Таҳияи Фирдавс Саидаҳтамов,
муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ.