Чингиз Айтматов. “Ҷамила”. Як қиссаи шӯрангези ишқӣ

Чингиз Айтматов ҶамилаЧингиз Айтматов аз бузургтарин нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки на танҳо дар маҳдудаи ин кишвари паҳновар, балки дар ҷаҳон маъруфият дошт. Вай муаллифи мондагортарин повесту романҳост. Аз ҷумла: “Муаллими аввалин”, “Киштии сафед”, “Рӯзи тӯлонитар аз қарн”, “Чеҳра ба чеҳра”. “Ҷамила”, “Алвидоъ, Гулсари”, “Бар фарози қуллаи Фуҷӣ”, “Тавро Касандро” ва ғайра. Чингиз Айтматов пурхонандатарин адибони айёми Шӯравӣ буд. Аксари повесту романҳои ӯ ба тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд. 

Айтматов ба ба дарёфти 46 мукофоти баландтарину олии СССР, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ҷоизаи Ленин (1963), Мукофоти давлатии СССР (1968, 1977, 1983), Мукофоти давлатии Қирғизистон (1976), ҷоизаи «Нилуфор”, Ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру, ҷоизаҳои баъзе кишварҳои Аврупо, ИМА ва ғайра мушарраф гардидааст. Дар охирҳои умраш аз соли 1990 то 1996 сафири СССР (1990—1991) ва Россия (1992—1994) дар Люксембург ва Қирғизистон дар кишварҳои Бенилюкс (1994—1996) буд. Асарҳои Айтматов ба 154 забони дунё тарҷума шудаанд. Теъдоди асарҳои чопшудааш соли 1999 ба 20 млн расид. Дар Қирғизистон ба номи Айтматов мукофоти «Медали тилоӣ» таъсис ёфтааст (1999).

Ҷамила” номи яке аз асарҳои ӯст, ки соли 1958 навишта шудааст. Ин китоб маҳбубтарин асари адиби шинохта аст, ки дар аввалин давраи оғозаш ба навиштани асарҳои бадеӣ рӯи кор омадааст. Китоб як достони шӯрангези ишқист, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар як овули дурдасти Қирғизистон гузаштааст. Нависандаи машҳури Фаронса Луи Арагон повести “Ҷамила”-ро беҳтарин ва зеботарин қиссаи ишқ дар олам донистааст.

“Ҷамила”-ро нависандаи маъруф Фазлиддин Муҳаммадиев ба тоҷикӣ тарҷума кард ва он соли 1960 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба чоп расид.

Шакли электронии повести “Ҷамила”-ро метавонед аз Телеграмканали Китобхонаи миллӣ боргирӣ ва мутолиа намоед.

Китоб ин ҷост: “Ҷамила

Ва зимнан: Шумо дар телеграмканали Китобхонаи миллӣ на танҳо ин, балки даҳҳо дигар асарҳои хонданиро метавонед пайдо ва мутолиа намоед.