Чист Истиқлол…..
Чист Истиқлол иззат доштан.
Бар диёри худ муҳаббат доштан
Бар замини шуҳрату озодагон.
Донаи меҳру муҳаббат коштан.
Истиқлолият хоби ороми ман аст, истиқлолият хандаи беғаши тифлакону шодиву фараҳи модарон аст… Вақте хоби даҳшатвори ҷангро мебиниву бо тарс бедор мешавӣ ва ба берун менигарӣ, мардумат озоду осуда дар кўчаҳои шаҳр қадам мезананд, он гаҳ ҳиси комилии истиқлолу озодӣ менамоӣ ва неъматеро бештар аз озодиву истиқлол намепиндорӣ. Ин як калима дар худ як ҷаҳон маъниву мафҳумро дорост, ки метавон гуфт, мафҳуми истиқлолият озодӣ, сулҳ, субот, оромӣ ва амн аст. Тифлаки бо сад ранҷу машақат бадастомадаи мо, ки ном истиқлол аст, имрўзҳо дар авҷи камолоту рушд аст, инак сиву се сол пур мешавад, ки мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки мо мардуми соҳибистиқлол ҳастем.
Истиқлол неъмати пурарзише аст, ки халқи моро соҳиби комилҳуқуқӣ ва озодӣ намуд, мо ва фарҳангу маданияти моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Бо шарофати ин ҳадяи бебаҳо мо ба як қатор дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ноил шудем. Ҳар миллату халқият дар таърихи худ рӯйдодҳои муҳиму бузурге дорад, ки зиндагии минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои асрҳо рушан месозад. Истиқлоли мо барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин сарнавишти бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар таърихи куҳанбунёди мо тағйироти куллиро ба вуҷуд овард.
Имрӯзҳо бо ҳиси баланди ватандорӣ ва бо ифтихор ҳамчун як зани тоҷик гуфта метавонам, ки истиқлол ба мо занҳо дар баробари дигар дастовардҳо имконияту шароит фароҳам овард, ки мо занҳои тоҷик озод фаъолият намуда, ҳунару маҳорати худро озодона рушду камол диҳем. Шукргузорӣ аз ин туҳфаи пурарзиш намуда, банда худамро яке аз занони хушбахти даврони истиқлол меҳисобам, ки бо дастгириҳои Пешвои азизи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи квотаи Президентӣ шомили Донишгоҳ шудам ва имрӯзҳо бо сари баланд ба халқу ватани азизу арҷмандам хидмат менамоям, ки ин ҳам бошад самараи истиқлол аст.
Азизу муқаддас ва устувор нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо вазифаи ҷонии ҳар яки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон аст. Расидан ба қадри истиқлол ва мустақилият, ҳисси ватандустӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзи давлатдорӣ – ҳамаи ин дар маҷмуъ моро водор менамояд, ки фарди созандаву бунёдкори миллати хеш бошем. Моро месазад ба қадри ҳар як неъмати ин сарнавишти нек аз ҷумла яке аз неъматҳои бузургтаринаш, ки сулҳу субот мебошад ва он сароғози шодиву фараҳи мардуми мо гардид ва моро ба ҷомеъаи ҷаҳони наздик намуд, бирасем.
Райҳона Раҳматова,
мутахассиси пешбари
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.