Сайёҳат

Саёҳат ба меҳмонони хориҷӣ

 Яке аз самтҳои фаъолияти шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои  фарҳангӣ саёҳат дар дохили Китобхона ба меҳмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ маҳсуб меёбад. Нахуст роҳбалад меҳмононро аз даромадгоҳи ошёнаи дуюм истиқбол гирифта, ба ошёнаи сеюм тариқи эскалатор ё лифт мебарорад.

Дар ошёнаи сеюм ягона чизе, ки диққати ҳамаро ба худ ҷалб мекунад, мусаввараи таърихӣ мебошад, ки дар мобайн, рӯ ба рӯи даромадгоҳи ошёнаи дуюм  ҷой дорад.

Роҳбалад сараввал меҳмононро аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллӣ ҷойгир аст, ошно менамояд.

Мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи Халқии Тоҷикистон, Сабзалӣ Шариф аст, ки таърихи панҷ ҳазорсолаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир ин мусаввараро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намудааст ва имрӯз он як рамзи ифтихории Китобхона маҳсуб меёбад.

 

 

Пас он, роҳбалад меҳмононро, аз осорхонаи китоб, ки онҷо дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, сафарбар менамояд.

Дар осорхонаи китоб зиёда аз 100 нусха дастхатҳои нодир, ки аз ҳама қадимтаринаш асрҳои 13 -14 маҳсуб меёбад, нигаҳдорӣ мешаванд. Ин дастхатҳои нодир “Таърихи табарӣ”-и Абуҷафъар Муҳаммад ат –Табарӣ, “Дувалронӣ ва Хизрхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Девон”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра мебошанд.

 

Баъдан,  меҳмонон аз толори китобҳои тозанашри даврони Истиқлолият дидан хоҳанд намуд. Дар толори китобҳои тозанашр зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ аз 3 қисмат иборат мебошад.

Дар қисмати аввал адабиёт дар бораи муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон, фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин адабиёт доир ба соҳаҳои ҳуқуқ, сохтмон, энергетика ба намоиш гузошта шудаанд.

Қисмати дуюми намоишгоҳро китобҳо оид ба илму маориф ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  оро ва зеб додаанд.

Қисмати сеюми толори намоишгоҳи китоб бошад аз ҳама васеъ буда, адабиёт доир ба соҳаҳо ва мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла, дар бораи таърихи давлатдории тоҷикон, забону адабиёт, осори баргузидаи шоирони классику муосир, корнамоиҳои қаҳрамони халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, санъату фарҳанг, фалсафа ва дин ба намоиш гузошта  шудааст.