Чор сол баъди даргузашти Гулназар
Чор сол пеш дар ҳамин рӯз қалби пуртапиши Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи “Суруди миллӣ” устод Гулназар Келдӣ аз тапиш бозмонд. Устод Гулназар аз бемории ҳамагири Ковид-19 ранҷ мекашид ва билохира ҳамин беморӣ ӯро ба бистари марг кашид. Ёдашон ба хайр!
Шоир, нависанда, хотиранавис, тарҷумон, филмноманавис ва рӯзноманигори тоҷик Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба дунё омад. Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода буд.
Гулназар Келдӣ муаллифи беш аз чиҳил маҷмуаи ашъор аст, ки «Расми сарбозӣ», «Дастархон», «Нардбон», «Паҳно» «Табхола», «Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст», «Фариштаи бомдод», «Фасли оғоз» «Тулӯи беборӣ», «Туву хубиву раъноӣ», «Оғуши саршор», «Дар чодари сафеди маҳтобӣ»(дар ду ҷилд), «Лолаҳо дар ёлаҳо», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» ва ғайра аз он ҷумлаанд.
Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.
Дар бисёре аз навъу намудҳои адабӣ қувваозмоӣ карда, дар ин раванд ба офаридани намунаҳои назаррасе нойил гардидааст.