Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ва нақши Тоҷикистон дар густариши фарҳанги сулҳ

Дар татбиқи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази муҳими илмӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ саҳми назаррас мегузорад. Китобхона бо ҷамъоварӣ, ҳифз, рақамикунонӣ ва муаррифии осори илмӣ, таърихӣ ва адабии марбут ба сулҳ, ваҳдати миллӣ ва таҳаммулпазирӣ, инчунин тавассути баргузории намоишҳои китоб, ҳамоишҳои илмӣ, маҳфилҳои маърифатӣ ва таҳияи дастурҳои библиографӣ дар тарғиби фарҳанги сулҳ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа, махсусан ҷавонон, фаъолона саҳм мегузорад. Ҳамзамон, бо густариши ҳамкориҳои байналмилалии китобдорӣ ва рушди захираҳои электронии иттилоотӣ, Китобхонаи миллӣ таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва мероси фарҳангии миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар татбиқи ҳадафҳои ин ташаббуси байналмилалӣ саҳми муассир мебозад.

***

Дар ҷаҳони муосир таҳкими сулҳ ва амният ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ заминаи асосии рушди устувор, амнияти дастаҷамъӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Дар шароити мураккаби геосиёсии ҷаҳони муосир, ки инсоният бо таҳдидҳои рӯзафзун, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти фаромиллӣ рӯбарӯ аст, таҳкими фарҳанги сулҳ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти ҳаётан муҳим пайдо мекунад.

Бо назардошти ин воқеият, ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона пазируфта шуд. Ин рӯйдоди тақдирсоз идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва башардӯстонаи кишвари мо буда, таҷрибаи нодири Тоҷикистонро дар самти барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Қайд намудан лозим аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар ин шароит, барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини устувории давлатдорӣ ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд, ки минбаъд барои рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Бо иродаи қавии сиёсӣ, хиради азалӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба натиҷаи таърихӣ расид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 марҳилаи нави давлатсозии муосир, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва фароҳам овардани заминаҳои пешрафти кишварро оғоз намуд.

Дар баробари муваффақиятҳои дохилӣ, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шуд. Масъалаҳои марбут ба дипломатияи об, ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо терроризму экстремизм ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти хориҷии кишвар мебошанд, ки эътирофи ҷаҳонӣ ёфтаанд. Қабули қатъномаи нав оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» мавқеи Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи амнияти глобалӣ боз ҳам тақвият мебахшад.

Дар дидгоҳи назариявии Пешвои миллат, сулҳ танҳо бо мафҳуми набудани ҷанг маҳдуд намешавад. Он фарҳанги ҳамзистӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Аз ин рӯ, ин ташаббус дорои арзиши амиқи методологӣ мебошад:

СУЛҲ ВА РУШДИ УСТУВОР: Ин ду мафҳум бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Ҳеҷ як пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бе суботи сиёсӣ имконпазир нест.

ДИПЛОМАТИЯИ ПЕШГИРИКУНАНДА: Таъкид бар он нигаронида шудааст, ки муколама ва ҳамкориҳои байналмилалӣ василаи муассири пешгирӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо пеш аз оғози онҳо мебошанд.

Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит месозад, ки сулҳу ваҳдати миллӣ заминаи асосии ҳифзи давлатдорӣ мебошанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз иқрор мешавад, ки «Формулаи сулҳи тоҷикон» як модели беназири оштии миллӣ аст, ки метавонад дар дигар нуқтаҳои доғи сайёра самаранок истифода шавад.

Қатъномаи мазкур ҷомеаи ҷаҳониро даъват мекунад, ки ин таҷрибаро омӯзанд ва арзишҳои таҳаммулпазирию эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузоранд. Ин ҳадафҳо бо рӯзномаи рушди устувори СММ комилан ҳамоҳанг мебошанд.

Харитаи татбиқи роҳи ин даҳсола як қатор самтҳои муҳими амалиро фаро мегирад:

Тақвияти дипломатияи пешгирикунанда ва тавсеаи ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои киберӣ ва фаромиллӣ;

Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги муколама;

Тақвияти иштироки занон дар равандҳои сулҳофаринӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ.

Дар ин раванд муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ нақши калидӣ доранд. Осори ҷовидонии алломаҳои мо — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Ҷомӣ, ки арзишҳои инсондӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб мекунанд, метавонанд ҳамчун заминаи маънавии таҳкими фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ хидмат намоянд.

Таърихи чандинҳазорсолаи давлатдории тоҷикон ҳамеша бо анъанаҳои ҳамзистии осоишта ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ пайванд буд. Ҷанги шаҳрвандӣ як саҳифаи фоҷиабор, вале дарси талхе буд, ки аҳамияти ваҳдатро боз ҳам равшантар намуд.

Дар шароити кунунӣ, таҳдидҳои глобалӣ ба мисли афзоиши экстремизм ва тағйирёбии иқлим таҳкими сулҳро ба масъалаи аввалиндараҷаи рӯзномаи байналмилалӣ табдил додаанд. Ин қатънома давлатҳоро ба масъулияти дастаҷамъӣ ҳидоят мекунад ва нишон медиҳад, ки Тоҷикистон метавонад дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузорад.

Татбиқи ин ташаббуси бузург дар назди ҷомеа ва шаҳрвандони кишвар вазифаҳои муҳим мегузорад:

Дарки амиқи сулҳ: Ҷавонон бояд сулҳро ҳамчун арзиши олӣ, омили адолат ва масъулияти муштарак дарк намоянд.

Фаъолнокии илмию ҷамъиятӣ: Наврасон ва донишҷӯён бояд дар барномаҳо ва форумҳои байналмилалии марбут ба сулҳ фаъолона иштирок кунанд.

Посдории ваҳдат: Шаҳрвандон бояд аз таҷрибаи таърихии кишвар сабақ гирифта, ваҳдати миллиро ҳифз намоянд.

Тарғиби таҳаммулпазирӣ: Саҳмгузории фаъоли ҷавонон дар тарғиби дӯстӣ, ҳамкорӣ ва фарҳанги сулҳ дар фазои маҷозӣ ва воқеӣ.

Ҳамин тавр, қабули «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯи болоравии бесобиқаи мақоми Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати сулҳхоҳии ҷаҳонӣ аст. Ин иқдоми таърихӣ нишон медиҳад, ки сулҳ омили бунёдии ҳаёти осоиштаи башарият мебошад. Дар шароити таҳдидҳои рӯзафзуни сиёсию амниятӣ ва экологӣ, татбиқи ин қатънома ба таҳкими ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ин ташаббуси байналмилалӣ вазифаи муқаддас ва шарафи бузурги ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Муҳаммад САТТОРЗОДА,  

номзади илмҳои педагогӣ,

муовини сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и

Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.