Даниил Комиссаров – маъруфтарин эроншинос, ки дар Тоҷикистон ҳам зиставу кор кардааст

Даниил КомиссаровКомиссаров Даниил Самуилович муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 70 асари илмӣ: «Очеркҳои насри муосири форсӣ» (1960), «Адабиёти форсӣ» (ҳаммуаллиф бо И.С. Брагинский, 1963), «Содиқ Ҳидоят. Зиндагӣ ва осор» (1967), «Дар бораи адабиётшиносии имрўзаи Эрон» (1980), «Роҳҳои инкишофи адабиёти форсӣ» (1982), «Таърихи адабиёти форсии қарни XIX ва XX» (асари дастаҷамъӣ зери назари Комиссаров, ки яке аз муаллифон низ ҳаст, М., 1999), «Содиқ Ҳидоят. Зиндагии баъд аз марг» (2001) ва ғайра мебошад.

****  * ** * **     *****

Комиссаров Даниил Самуилович 14 май соли 1907 шаҳри Каркии Ҷумҳурии Туркманистон ба дунё омадааст. Эроншиноси рус, доктори илмҳои филология (1966), профессор 1968), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977).

Аз оилаи зиёӣ, падараш аввал дар Каркӣ, сипас дар Чорҷўй мудири мактабҳои русӣ буд. Мактаби миёнаро дар Чорҷўй хонда дар ҳамин шаҳр забонҳои тоҷикӣ ва ўзбекиро омўхт. Ба факултаи шарқшиносии Институти давлатии Осиёи Миёнаи Тошканд дохил шуд.

Соли 1928 (дар курси 3-юм мехонд) бо қарори Дафтари сиёсии осиёимиёнагии КМ ВКП (б) барои кор ба Тоҷикистон фиристода шуд. Аввал дар ноҳияи Фархор ба ҳайси намояндаи КМ маориф кор кард. Баъди як сол мудири шуъбаи маорифи шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар), сипас муовини раиси комиҷроияи Шўрои намояндагони халқии ноҳияи Арал (ҳоло Абдураҳмони Чомӣ), ҳамзамон аввалин мудири Истгоҳи мошину тракторҳо (ИМТ) ҳамин ноҳия буд.

Хотироти Комиссаров аз ин давраи фаъолият дар асари ёддоштияш – «Ҷазираи тиллои сафед» («Остров белого золота», 1983) тасвир шудааст. Комиссаров ҳамзамон узви КИМ ҶШС Тоҷикистон ва Кумитаи имлои нави забони тоҷикӣ буд.

Солҳои 1932-34 донишҷўи Донишкадаи таъриху забоншиносии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) буд. Айёми омўзиш ва фаъолияти омўзгорияш дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург) робитаашро бо Тоҷикистон қатъ накард ва дар такмилу вероиши дастурҳои забони тоҷикӣ барои мактабҳои русии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзид.

Соли 1938 дар ҳайати комиссияи КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (Б.Ғафуров, Д.Комиссаров ва С.Улуғзода) дар тарҷумаву таҳрири 24 ҷилд асари классикони марксизм-ленинизм ба забони тоҷикӣ ҳамкорӣ ва дар тадвини аввалин фарҳанги академии тоҷикӣ-русӣ ширкат кард, ки ҷилди аввали он ҳарфҳои (ҳарфҳои А-Н) соли 1946 ба табъ расид.

Солҳои 1941-50 ҳамчун дипломати сафорати Иттиҳоди Шўравӣ дар Теҳрон дар самтҳои гуногун кор кард. Дар ин муддат ў бо таври ҷиддӣ ба омўзиши адабиёти муосири Эрон пардохт. Аз соли 1954 то охири умр ходими илмии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС буд.

Комиссаров пажўҳиш ва равиши кори эроншиносони маъруфи Русия К.И. Чайкин, А.А. Ромаскевич ва Е.Э. Бертелсро оид ба адабиёти солҳои 1910-30-и Эрон идома дода, доир ба адабиёти солҳои 1930-70-и Эрон чандин таълифи барҷаста анҷом дод. Аз ҷумла, рисолаи доктории ў роҷеъ ба зиндагӣ ва осори Содиқ Ҳидоят аз муҳимтарин таълифоти ў дар ин замина аст, ки соли 1967 бо номи «Содиқ Ҳидоят. Зиндагӣ ва осор» («Садек Хедаят. Жизнь и творчество») дар Маскав чоп шуд.

Рисолаи дигари Комиссаров – «Очеркҳои насри муосири форсӣ» («Очерки современной персидской прозы». М., 1960) нахустин асари эроншиносиест, ки дар он сайри ташаккул ва такомули насри бадеии форсии муосир аз нимаи дувуми асри 19 то нимаи аввали асри 20 баррасӣ шудааст. Дар пояи ин пажўҳиши Комиссаров охири солҳои 80-уми асри 20 дар Эрон бо номи «Сад соли достоншиносӣ дар Эрон» асаре ба вуҷуд омад.

Комиссаров Даниил Самуилович муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 70 асари илмӣ: «Очеркҳои насри муосири форсӣ» (1960), «Адабиёти форсӣ» (ҳаммуаллиф бо И.С. Брагинский, 1963), «Содиқ Ҳидоят. Зиндагӣ ва осор» (1967), «Дар бораи адабиётшиносии имрўзаи Эрон» (1980), «Роҳҳои инкишофи адабиёти форсӣ» (1982), «Таърихи адабиёти форсии қарни XIX ва XX» (асари дастаҷамъӣ зери назари Комиссаров, ки яке аз муаллифон низ ҳаст, М., 1999), «Содиқ Ҳидоят. Зиндагии баъд аз марг» (2001) ва ғайра мебошад.

Комиссаров ҳамчунин ҷанбаҳои гуногуни адабиёти гузаштаву муосири тоҷикро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ба вижа пажўҳишу баррасиҳои ў доир ба осори С. Айнӣ қобили мулоҳизаи илмиянд.

Комиссаров дар тарбияи мутахассисони варзидаи шарқшиносии тоҷик саҳми назаррас дорад. Таҳти сарварию раҳнамоии Комиссаров чандин нафар аз донишмандони Тоҷикистон ба унвонҳои номзад ва доктори илмҳои филология сазовор шуданд.

Солҳои 1960-70 дар УДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) аз фанни адабиёти муосири Эрон дарс гуфтааст. Бо ордену медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Ў 20 майи соли 2008 шаҳри Маскав аз дунё даргузашт.

Энсиклопедияи милии тоҷик. – Душанбе, 2022. Ҷ.10. – С. 404.

Муаллиф: О. Хоҷамуродов.

Таҳияи Мунаввара Азизова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ