Дар бораи Абубакри Хоразмӣ чӣ медонем?

Абубакри Хоразмӣ Муҳаммад ибни Аббос соли 935 дар Хоразм ба дунё омадааст. Шоир ва донишманди арабизабони тоҷик. Падараш аз хоразмиён, модараш хоҳари муаррихи маъруф Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарирӣ Табарӣ (839-923) будааст, аз ин рў ба вай лақаби Табархазӣ дода буданд.

Бо мақсади омўзиши амиқи улуми замон ва сайру саёҳат дар ҷавонӣ ба Ироқ, Сурия, Ҳалаб ва дигар кишварҳо сафар карда, бо донишмандону адибони он ҷойҳо вохўрдааст. Пас аз сафарҳо ба Бухоро омада, ба хидмати дарбори Сомониён ворид шуд ва бо вазири Сомониён Абуалии Балъамӣ робитаи дўстӣ барқарор намуд. Пас аз муддате ба Систону Шероз сафар кард; аз он ҷо ба Нишопур омад ва ба кори таълиму тадрис машғул шуд.

Бо хонадони Бувайҳиён (ҳукмронии 935-1055) наздикӣ дошт, аз ин рў, ба таъқиботи вазири Сомониён Абулҳусайни Утбӣ (солҳои вазирӣ 977-986) гирифтор шуд ва ба ҷониби Исфаҳон назди Соҳиб ибни Аббод рафт. Пас аз вафоти Утбӣ боз ба Нишопур баргашт.

Аз Абубакри Хоразмӣ маҷмўае бо номи «Расоил» ва девони ашъор боқӣ мондааст. Дар «Расоил» номаҳои ба ашхоси гуногун навиштаи Абубакри Хоразмӣ фароҳам омадаанд. Онҳо барои омўхтани таърих ва хусусиятҳои насри бадеии асри Х аҳамияти калон доранд.

«Расоил» дар Истанбул ва Бамбай ба табъ расидааст.

Дар девони ашъори Абубакри Хоразмӣ қасидаҳо, ғазалҳо, марсияҳо, ҳаҷвияҳо ва ғайра ҷамъоварӣ шудаанд.

Абубакри Хоразмӣ дар ашъори ҳаҷвиаш баъзе ходимони давлат, халифаҳои Аббосиён, ашхоси коҳилу муфтхўрро мазаммат кардааст. Шоир хонандаашро ба азму субот, дурӣ ҷустан аз дўстони риёиву рафтори ношоиста даъват менамояд.

Абубакри Хоразмӣ Муҳаммад ибни Аббос соли 993 дар Нишопур вафот кардааст.

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – 2011. – Ҷ.1. – С. 75.
Муаллиф: А. Алимардонов.

Таҳияи Ҳусния Назарова,
к
орманди шуъбаи библиографияи миллӣ