Дар бораи Амъақи Бухороӣ чӣ медонем?

Амъақи Бухороӣ Абунаҷиб Шиҳобуддин шоири форс-тоҷик буда, пас аз хатми таҳсил ва касби камол аз Бухоро ба Самарқанд рафт ва ба хидмати Қарахониён дохил шуд. Дар замони ҳукмронии Хизрхони Иброҳим, ки соли 1046-1047 ба мақоми маликкушшуароӣ расид.
Бештар аз сад сол умр дидааст.
Ашъори Амъақи Бухороиро муҳаққиқи эронӣ Саид Нафисӣ ба шакли девон фароҳам овардааст, вале он девон номукаммал мебошад. Дар Теҳрон инчунин ду дастхати осори Амъақи Бухороӣ мавҷуд аст, ки Нафисӣ аз онҳо истифода набурдааст.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ Амъақи Бухороӣ маснавие бо номи «Юсуф ва Зулайхо» доштааст. Аз девони таҳиякардаи Саид Нафисӣ бармеояд, ки Амъақи Бухороӣ дар анвои гуногуни шеър асарҳо эҷод кардааст, вале бештари осори ў аз қасида иборат аст. Зимни қасидаҳо ў ба масъалаҳои иҷтимоӣ, шикоят аз беадолатиҳо дар замона ва ғайра руй овардааст. Марсияҳо низ навиштааст.
Амъақи Бухороӣ суханварест, ки бо истифода аз ташбеҳоти нозук, маҷозу истиора ва мубодила аз шоирони дигар фарқ мекунад.
Соли 1147 ё 1148 вафот кардааст.
Абёти зерин аз ўянд.
Агар мўре сухан гўяд ва гар мўе равон дорад,
Ман он мўри сухангўям, ман он мўям, ки ҷон дорад.
Агар бо мўю бо мўре шабонрўзе шавам ҳамроҳ,
На мўр аз ман хабар ёбад, на мўй аз ман нишон дорад,
Танам чун соя мўй аст, дилам чун дидаи мўрон,
Зи ишқи ғолиямўе, ки чун мўрон миён дорад.
Ба ҷисми мўй даргунҷам, зи бас сустӣ зи бас зорӣ,
Агар хоҳад маро мўре ба чашми худ ниҳон дорад.
Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2011. – Ҷ. 1. – С. 415.
Муаллиф: К. Айнӣ.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ