Дар бораи Ансамбли тарона ва рақси Помир чӣ медонем?

Ансамбли тарона ва рақси Помир, ҳайати эҷодии сарояндагону машшоққон ва раққосон, ки соли 1955 дар заминаи Ансамбли этнографии бачагонаи Помир дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт. Он қариб 60 нафар беҳтарин истеъдодҳои халқии Бадахшонро гирд овард.

Омӯзишу  такмилдиҳӣ ва тарғиби санъати халқии сарояндагию навозандагӣ ва рақсии мардуми Бадахшон аз ҳадафҳои асосии ансамбл ба шумор мерафт, аммо дар барномаҳояш суруду тарона ва рақсӣ на танҳо манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, балки дигар халқҳо низ мавқеи хос доштанд.

Ансамбл бо барномаҳои консертӣ қариб дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва як қатор давлатҳои хориҷӣ санъати миллии тоҷиконро муаррифӣ кардааст. Ансамбл дар Даҳаи  адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва (1957), Фестивали VI  умумиҷаҳонии ҷавонону донишҷӯён дар шаҳри Москва (1957), иштирок дошт.

Сюитаҳои созию овозии “Шодиёна”, “Суруд ва муҳаббат”, бадеҳаҳои “Акрамҷони сеторӣ”, “Дилбари ҷон”, “Умеди ман”, сюитаи бисёровозаи мусиқӣ-рақсии “Эй парӣ”, саҳначаҳои ҳаҷвии “Ялалбобо”, “Як гурбаю ду гурба”, таронаҳои “Имшаб қамар ин ҷост”,Нола кунам”, “Салом аз Бадахшон”, “Маҳбуба”, “Баҳори Бадахшон” ва ғайра дар иҷрои ҳайати ансамбл дар хазинаи радиои тоҷик маҳфузанд.

Артисти халқии РСС Тоҷикистон Нуқра Раҳматова, Ҳунарпешагони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев ва Муборакшо Ҷумъаев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон С. Абдумамадов, Артистони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Улфатмо Мамадамбарова, Устоқадам Машрабов (Усто), Мастибек Паллаев (Масто) ва дигарон аъзои фаъоли ансамбл буданд.

Ансамбл соли 1961 баъди фавти роҳбари бадеӣ ва мусиқии он Артисти халқии СССР Ғ. Ғуломҳайдаров пароканда шуд.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2011. – Ҷ.1. – С. 470.

Муаллиф: Б.Раҳматов.

Таҳияи Дилафрўз Назарова,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.