Дар бораи Бақо Содиқов чӣ медонем?

Коргардони маъруфи тоҷик Бақо Содиқов 25-уми июни соли 2026, ҳамагӣ 18-рӯз пештар аз 85-солагӣ дар шаҳри Берлин аз олам даргузашт. Ӯ 13-уми июли соли 1941 дар деҳаи Ҷонбобои вилояти Бухоро ба дунё омада буд. Мавсуф аз чеҳраҳои хеле шинохтаи синамои кишвар буд. Бақо Содиқов сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекситон кӯчид. Муддате пас ба муқими шаҳри Тошканд шуд. Се сол пеш бошад, ҳамроҳ бо ҳамсар ва ду фарзандаш ба Аврупо рафта буд.
Кинорежиссёр, кинодраматург Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1988). Солҳои 1960-1961 ба сифати ҳунарпешаи театри драмаи мусиқии Бухоро кор кардааст. Институти театрӣ ва рассомии Тошканд (1967), курси сенариянависӣ ва режиссёрии шаҳри Москваро хатм намудааст (1976). Бақо Содиқов фаъолияти худро дар кино соли 1967 чун режиссёри филмҳои ҳуҷҷатии киностудияи “Тоҷикфилм” шурӯъ намуда ва аз соли 1978 режиссёри филмҳои студияи мазкур мебошад.
БАҚО СОДИҚОВ режиссёри бештар аз бист филми ҳуҷҷатӣ, бахшҳои алоҳидаи маҷаллаҳои кинематографияи “Тоҷикистони советӣ” ва “ Калтак” аст. Дар “Деҳкадаи сари роҳ” (1984), “Ҳарорати зимистона” (1982), “Гирдбод” (1985) ва “Адониси XIV” (1986), нигориши шоирона ва мушоҳидаҳои фалсафии Содиқов Б. бештар ифода гардидаанд.
Бақо Содиқов барои офариниши “Адониси XIV” дар Кинофестивалҳои байналхалқии Манҳейм (1986) ҷоизаи махсуси жюрӣ, дар Кинофестивалҳои байналхалқии Берлини Ғарбӣ ва Оденси (Дания 1989) ҷоизаҳои аввал-гран-приро соҳиб гардидааст.
Бақо Содиқов аз охири солҳои 80-ум ба таҳияи филмҳои бадеӣ шурӯъ намудааст. Филмҳоии бадеии ӯ “Ҷосус” (1988), “Девбод” (1989), “Бухорои шариф” (1990), ”Ҷазира” (1991), ”Амир Темур” (1998 “Узбекфилм”), “Имом ал-Бухорӣ” (1999 “Узбекфилм”), дар фестивалҳои кинои минтақавӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, аз ҷониби мунаққидон ва дӯстдорон ба хубӣ пазируфта шудаанд.
Бақо Содиқов мисли ҳар эҷодгари асил мавзӯи асосиву консептуалии худро дорад. Барои вай тақдири инсон дар мавридҳои душвори зиндагӣ асоси таҳқиқи ҳунарӣ гардидаааст. Чун ин масъалаи фалсафист, сабку офариниш ва баёни филмҳои Бақо Содиқов мураккаб аст. Воқеияти дар филмҳояш сохтаи ӯ на ҳамеша бо воқеияти аслӣ алоқаманд аст. Филмҳои ӯ аз бинанда ҷаҳони ақлиро тақозо мекунад. Аз соли 1979 узви Иттифоқи Кинематографистони Тоҷикистон. Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон дода шуд ва соли 1993 соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гардид.
Бақо Содиқов 25-уми июни соли 2026, дар синни 85-солагӣ дар кишвари Олмон аз олам чашм пӯшид.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи Бақо Содиқов ин матолиб қобили дарёфт ва мутолиа аст:
Арабов, Н. Насими тоза: Андешаҳо пас аз шабнишинии мансуб ба фаъолияти ҳунарии кинорежиссёр Бақо Содиқов // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 23 октябр.
Адонис дар зодгоҳи Андерсен: Асари режиссёри боистеъдоди тоҷик Бақо Содиқов бори дувум сазовори ҷоизаи калони “Гран при” шуд // Тоҷикистони Советӣ. – 1987. –14 август.
Раҳмонӣ, Р. Дар мулоқоти ҳокими Бухоро: Сафари як гурӯҳ нависандагону олимон ва санъаткорони тоҷик ба Бухоро ва ҷашнгирии 50-солагии киносози тоҷик Бақо Содиқов // Адабиёт ва санъат. – 1992. – 30апрел.
Мирзо, М. Ба гети мазан ҷуз ба неки нафас: Дар бораи филми Бақо Содиқов “Саҳоҳ-ул-Бухороӣ” // Паёми Душанбе. – 1993. – 16 июн.
Давлатёр, Г. “Ҷазира”: Оид ба филми нави кинорежиссёри номдори-тоҷик Бақо Содиқов // Паёми Душанбе. – 1993. – 16январ.
Бақо Содиқов: Маълумотнома // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик: Душанбе, 2004. – Ҷ.3. – С. 130.
Содиқов, Б. Модарам тоҷик падарам муғул: Мусоҳибаи рӯзноманигор М. Ҳамдампур бо кинорежиссёр Бақо Содиқов // Тоҷикистон. – 2019. – 20 ноябр.
Содиқов, Б. Тоҷикистонро бо ашкҳои сӯзон тарк кардам: Мусоҳибаи рӯзноманигор М.Наҷибӣ бо коргардони варзидаи синамои тоҷик Бақо Содиқов // Самак. – 2021. – 14 июл.
Бо истифода аз манобеи гуногун
таҳияи Машҳурахон Зоирова,
корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ