Дар бораи Кайфии Дарвозӣ чӣ медонед?
Муҳаммадазим, Маъруф ба мулло Азим (фавт 1872, деҳаи Сангеви ноҳияи Қалъаи-хум, ҳоло ноҳияи Дарвоз), шоири тоҷик. Кайфии Дарвозӣ соҳибдевон будааст, вале девони ашъораш дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Намунаи ашъораш дар дасхатти баёзе ба ёдгор мондааст. Дар сурудани шеър дар қолаби мухаммас, ғазал ва маснавӣ маҳорати баланд дошт. Аксари шеърҳои ў ба шеваи мардуми Дарвоз эҷод шудаанд.
Кайфии Дарвозӣ ба ҳаҷву мутоиба майл дошт. Ў чун шахси зарофатгўй дар ашъораш алфозу таъбирҳои ҳаҷвомезро зиёд ба кор бурдааст. Дар баъзе шеърҳояш оҳанги яъсу навмедӣ ва дилшикастагӣ эҳсос мешавад, ки, бешубҳа, бар асари нобаробариҳои иҷтимоӣ ва ногувориҳои зиндагӣ ба миён омадаанд.
Намунаҳо аз ашъори Кайфии Дарвозӣ:
Ҷуз сарпаноҳ дигар меъморҳо чӣ лозим?
Сар найза бурд боло, деворҳо чӣ лозим?
Бо умрҳои кўтоҳ як козае басандаст,
Бар ҷони худ ниҳодан озорҳо чӣ лозим?
Ғайр аз сабилмонда ин гетӣ дар амал нест,
Дар водии сабилӣ ин дорҳо чӣ лозим?
Дунё вафо надорад бар насли ҳеҷ инсон,
Марг аст дар каминат, ин корҳо чӣ лозим?
Фарз аст сатри аврат, як жандае кифоя,
Кардан матои дунё бисёрҳо чӣ лозим?
Пешинаҳо шунидӣ, баъдинаҳо ту дидӣ,
Кайфӣ, аз ин зиёда такрорҳо чӣ лозим?
Дар шеърҳои ҳаҷвии ба лаҳҷаи дарвозӣ эҷодкардаи Кайфии Дарвозӣ низ вазн ва қофияи ғазал риоя шудааст:
То пир гараме одам, қомат гараме чахта,
Дар чахта пайи дунё, месоза чахочахта.
Ҳирсу ҳаваси дунё лоиқ ба ҷувун дора,
Пирона муносиб чист, оқирваи прпхта…
Пире, ки ҷувунтабъ аст, ў бобаи шайтун аст,
Дўзах барамун фардо, шайтун қатӣ бадбахта
Бас кай кшӣ, эй Кайфӣ, фосиқмазан фиска?
Дўзах бгира фардо, бай кофара дўзахта.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 240.
Муаллиф: Х. Шарифзода
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.