Дар бораи “Калом фӣ-л-мусиқӣ”-и Абунасри Форобӣ чӣ медонед?

Абунасри ФоробӣКалом фӣ-л-мусиқӣ” осори машҳури илмӣ-назарии Абунасри Форобӣ доир ба илми мусиқӣ. Дар маъхазҳои хаттӣ, ки ба осори мусиқишиносии Форобӣ (873-950) бахшида шудаанд, номи ин асар  дар баробари «Китобу-л-мусиқию-л-кабир» (Китоби бузург оид ба мусиқӣ), «Иҳсоу-л-улум» (Таркиб, анвои илмҳо), «Иҳсоу-л-иқоъ» (Таркиб, анвои авзони мусиқӣ) зикр гардидааст.

Асари мазкур оид ба масъалаҳои пайдоишу таҳаввули мусиқӣ, хусусият ва таъсири он ба инсон, қонуну қоидаҳои оҳангофарӣ дар заминаи илми овозшиносӣ маълумоти муфид дорад. Дар асар оҳангҳо аз нуқтаи назари зарбу усули доира (иқоъ) ба ду қисм: зарби муттаҳил (дар баҳри ҳазаҷ истеъмол шуда, оҳанги маршӣ (низомӣ) дорад) ва ғайримуттаҳил (зарби омехта) ҷудо шудаанд. Форобӣ, ки худ ихтироъкунандаи тор будааст, доир ба навъ ва хусусиятҳои созҳои дигари мусиқии замонаш низ маълумот доштааст.

Ў сомеони мусиқиро ба чанд гурўҳ: муътақидони овози хуши ҳофиз, дўстдорони нағмаи мусиқӣ, ҳаводорони овоз ва маънии шеър ҷудо кардааст.

Доир ба мазмуну мундариҷаи китоб маълумоти кофӣ вуҷуд надорад. Ба ақидаи муҳаққиқони маъруфи осори Форобӣ Ҳенри Ҷорҷ Фармер ва Рудолф ДЕрланҷе ҳеч нусхаи хаттии китоб то замони мо нарасидааст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2020. – Ҷ. 9. – С. 303.

Муаллиф: А.Низомӣ
Таҳияи Манижа Раҷабова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ