Дар бораи шарқшиноси рус Алий Колесников чӣ медонем?
Колесников Алий Иванович 5 уми декабри соли 1935 дар шаҳри Ворошиловград (ҳоло Луганск) таваллуд ёфтааст. Муаррих, шарқшиноси рус, доктори илми таърих (2000), яке аз шогирдони шарқшиносон А. Н. Болдирев, С. Н. Соколов, А.З. Розенфелд ва И. П. Петрушевский. Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград. Ходими илмӣ (1967-84), Ходими калони илмӣ. (1985-2003). Ходими пешбари илмии Филиали Институти шарқшиносии АИ Руссия дар Санкт-Петербург (аз 2004).
Дар мавзуи «Эрон дар арафаи истилои араб» рисолаи номзадӣ (1969) ва дар мавзуи «Муомилоти пулии Эрон дар давраи охири ҳукумати Сосониён ва солҳои аввали хилофоти Умавиён (охири асри 6-ибтидои асри 8)» рисолаи докторӣ (25.12. 2000) дифоъ кардааст.
Самтҳои асосии таҳқиқот: омўзиши таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон (асрҳои 7-10) дар асоси осори таърихӣ, катиба ва сиккаҳо.
Муаллифи 4 рисола ва зиёда аз 130 мақолаи илми-таҳқиқотӣ. Колесников чанд ҳуҷҷат ва осори хаттии қадим аз қабили «Аҳдномаи паёмбар Муҳаммад бо масеҳиёни Наҷрон» (1985), «Анушервони одил» (2008), «Ҷомоспнома» (2011) ва ғайраро бо шарҳу тавзеҳоти илмӣ ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 304-305.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.
Теги: библиографияи миллӣ