Дар бораи шоир Анварии Абевардӣ чӣ медонем?

Анварӣ Авҳаддуддини Алӣ ибни Муҳаммад ибни Исҳоқ (1105, Абеварди Хуросон -1187, Балх), шоири форс-тоҷик. Дар мадрасаи Мансурияи Тус, ки асосгузори он Низомулмулк буд, илмҳои гуногуни замон-нуҷум, риёзиёт, мантий, ҳандаса, тиб, мусиқӣ, ҳикмат ва фалсафаро омӯхт ва чун олим машҳур гардид.

Ба шеъргӯӣ ҳангоми таҳсил дар мадраса шурӯъ кард. Шеърҳои нахустинашро бо тахаллуси “Ховарӣ” навиштааст. Анварӣ баъди вафоти падар аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашид ва маҷбур шуд ба хидмати дарбори Султон Санҷар (ҳукумрон 1118-57) рӯй биёварад. Дар муҳити дарбор зиндагии Анварӣ хуш намегузашт, бинобар ин ӯ соли 1150 хидматро тарк карда ба шаҳри Нишопур рафт. Дар ин ҷо ҳам Анварӣ осудаҳол зиста натавонист, зеро соли 1153 қабилаи ғузҳо ба қаламрави Салҷуқиён ҳуҷум какрда, Султон Санҷарро ба асирӣ гирифтанд, мардумро қатлу ғорат намуданд.

Қасидаи маҳҳури Анварӣ “Ашкҳои Хуросон” бар асари ҳамин ҳодисаҳо гуфта шудааст. Дар ин қасидаи муҳаббати шоир ба халқу ватан ифода ёфтааст. Ин қасидаро чун номаи шикоятӣ ба ҳокими Самарқанд фиристод.

Бар Самарқанд агар бигзарӣ, эй боди саҳар,

Номаи аҳли Хуросон ба бари хоқон бар.

Номае матлаи он ранҷи тану офати ҷон,

Номае мақтаи он дарди дилу хуни ҷигар.

Номае бар рақамаш оҳи азизон пайдо,

Номае дар шиканаш хуни шаҳидон музмар…

Анварӣ соли 1154 ба Балх омад. Мухолифонаш қитъаи шеъриеро, ки дар ҳаҷви мардуми Балх гуфта шуда буд, дар байни халқ паҳн карданд. Анварӣ барои ради ин тӯҳмат, ки қариб боиси қатлаш шуда буд, шеъре бо номи “Савганднома” навишт. Анварӣ соли 1164 бо даъвати ҳокими Тирмиз Аҳмади Пирӯзшоҳӣ ба Тирмиз омад. Дар охирҳои умраш Анварӣ аз таърифу тавсифҳои нисбат ба амирону ҳокимон кардааш пушаймон шуда, сӣ соли хидмати дарборро давраи гумроҳӣ, давраи “ҷафо ба нафсу ситам ба ақли хеш” шумурд.

Мероси адабии Анварӣ тақрибан аз 15 ҳазор байт-250 қасида, 337 ғазал, 557 қитъа ва 472 рубоӣ иборат аст. Ба ғайр аз ин китобе дар нуҷум “Ал-Башорат фӣ шарҳ-ил-ишорат” ва рисолае дар арӯзу қофия доштааст.

Анварӣ чун устоди баркамоли қасида дар қатори ду нафар шоири бузурги форс-тоҷик ном баровардаст:

Дар назм се тан паёмбаронанд,

Ҳарчанд ки “ло набия баъдӣ”,

Авсофу қасидаву ғазалро,

Фирдавсию Анварию Саъдӣ.

Анварӣ дар қасидаҳояш аксаран ба ҳамаи ҷузъҳо-ҳусни тахаллусу мадҳ аҳамият додааст. Тағазулли қасидаҳои Анварӣ аз ҷиҳати забон содаю равон аст. Дар онҳо манзараҳои табиат тасвир шудаанд, аз ҷабру ҷафои ёр, беадолатӣ ва носозгориҳои рӯзгор сухан меравад. Дар эҷодиёти Анварӣ қасидаҳое дучор мешаванд, ки мадҳи мамдӯҳ на аз забони худи шоир, балки аз номи маъшуқа баён шудааст. Анварӣ кӯшидааст, ки дар зери пардаи мадҳи пуробуранг ғояҳои баланд ва фикрҳои пешқадамро ифода кунад. Дар баъзе қасидаҳо на фақат ҳасби ҳоли шоир, балки ихтилофоти фоҷиаангези замон, қисмати мардуми ҷафодида низ тасвир шудааст.

Ғазалҳои Анварӣ аз ҷиҳати забон содаву равонанд. Анварӣ аз ҷумлаи он шоиронест, ки пеш аз Саъдӣ ғазал гуфтаанд ва онро ба қолаби муайян даровардаанд. Хидмати муҳими Анварӣ дар рушди ғазал ин аст, вай мазмуни лирикиро аз вобастагию тобеияти навъи (жанри) мадеҳавӣ берун оварда, чун навъи мустақили адабӣ вусъат дод.

Ғазалиёти Анварӣ равон, латиф ва дилчаспанд, бо мусиқӣ (Анварӣ мусиқишинос ҳам буд) алоқа дорад. Дар қитъаҳои Анварӣ афкору андешаҳои илмӣ, сиёсию иҷтимоӣ, шикоят аз замон ва беадолатии зимомдорони давр ифода ёфтаанд.

Муқаттаоти Анварӣ аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа нисбат ба қасидаҳояш васеътаранд. Дар онҳо ҷаҳони ботинии шоир бештар ошкор гардидааст. Баъзе қитъаҳои Анварӣ мутоибавӣ ва ҳаҷвианд. Рубоиёти шоир низ содаву равон суруда шуда, мавзуъҳои ишқу муҳаббат, шикоят аз ҷабру ҷафои ёр, шикоят аз давру замон ва ғайраҳоро дар бар мегиранд.

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.-Душанбе, 2011.-Ҷ.1.-С.424-425.

Муаллиф: Самадов, Т.

Таҳияи Азизова Мунавара,

корманди шуъбаи Библиографияи миллӣ.