Дар бораи яке аз қадимитарин луғати русӣ ба англисӣ, ки дар Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст
Забондонӣ –ҷаҳондонист. Ин аст шиори нафароне,ки имрӯзҳо мехоҳанд забонҳои хориҷиро омӯзанд. Бахусус омӯзиши забони англисӣ имрӯзҳо падидаи навтарин ва тақозои замон ба шумор меравад. Хоҳишмандони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд забони англисӣ омӯзанд ва хушбахтона, дар мамлакати мо вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шароит муҳаё аст ва дар баробари ин сол то сол курсҳои омӯзишӣ бо шароитҳои муосир ва замонавӣ амал намуда,теъдоди чунин омӯзишгоҳҳо ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.
Аз сӯи дигар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора ҷавононро ба омӯзиши забонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла забони англисӣ ташвиқ мекунанд ва Ҳукумати кишвар ҳам барномаҳои зиёди забономӯзиро дар амал татбиқ мекунад.
Бояд гуфт,ки барои омӯзиши ҳар забон луғатномаву фарҳангномаҳо нақши муҳим мебозанд. Луғатҳо то ҷойе мушкили забономӯзонро осон мекунанд, онҳоро дар кори ҳам омӯзишу парвариш ва ҳам тарҷумаи осори хосташуда раҳнамоӣ мекунанд.
То кунун дар олам шояд садҳо номгӯ луғатҳои англисӣ ба забонҳои мухталиф таълиф шудаанд, ки муаллифони онҳо донишмандони маъруфу забондонҳои шинохтаанд.
Дар бойгонии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чандин луғати англисӣ ба русӣ ва ё англисӣ ба тоҷикӣ мавҷуд аст, ки ҳамарӯза дар истифода хонандагон қарор дорад. Хостем хонандагони худро бо ин гуна китобҳои муътабару фарҳангҳои маъруф ошно созем.
Яке аз ин луғатҳо зери таҳрири яке аз забоншиносон ва луғатнигорони рус А.И. Смирнитский таҳия шуда ва дарбаргирандаи наздик ба 50 ҳазор калима мебошад.
Луғатномаи русӣ-англисии мазкур дар ҳаҷми 766 саҳифа соли 1969 аз ҷониби нашриёти “Советская Энциклопедия” нашр гардидааст. Ин китоб ҳамоно аз муътабартарин луғатномаҳои русӣ ба англисӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон аз қадимитарин луғатномаҳои русӣ ба англисие мебошад, ки дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Муддати беш аз ним қарн аст, ки ин луғат дар истифода қарор дорад ва имрӯз ҳам хонандагон бештар онро дархост мекунанд.
Нусхае аз ин луғатнома дар толори хониши адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст ва шумо, хонандаҳои азиз аз он метавонед ҳар вақт бихоҳед, истифода кунед.
Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.