Дар даҳ сол шумори аъзои Китобхонаи миллӣ ба беш аз 239 ҳазор нафар расидааст

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бохирад андар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме биндоштанд.

Дониш андар дил чароги равшан аст,

В-аз хама бад бар тани ту чавшан аст.

Мо дар кадом аср ва соле  набошем, ҳамеша ба мутолеаи китобҳои пурмазмун ва илмию адабии гуногун мароқ зоҳир менамоем, ки ин нишона аз маърифатпарварии аҷдодони гузашта ва насли навини халқи фарҳангсолори тоҷик мебошад. Метавон бо хушнудӣ зикр намуд, ки дар Тоҷикистони маҳбуби  мо  аввалин хишти Китобхонаи миллии Тоҷикистонро  Пешвои муаазами миллат  гузоштанд ва 20 марти соли 2012 дар ҷашни Наврӯз онро ифтитоҳ намуданд.

Назар андозем ба худи таърихи китобдории тоҷик,  дар даврони бостон фармонҳои фармонравоён дар лавҳаи гилин бо хатти иероглиф (вожаи юнонии хати қадимаи мисрӣ) сабт мешуданд. Ҳазорон лавҳаҳои навишта дар тахти Ҷамшед  ва дигар сарзамини мардумони эронинажод шоҳиди мӯътабари китобхонаҳои азиме дар ин сарзамин дар даврони бостон мебошанд.

Мусаллам аст, ки дар канори Донишгоҳи Гунди Шопур низ китобхонаҳои арзишманде вуҷуд доштааст. Дар сарзамини мардумони эронинажод китобхонаҳои бузурге вуҷуд доштанд, ки ба таври  мушаххас метавон аз ганҷинаи китобҳои Ардашери Бобакон ва аз китобхонаи Анушервон дар Донишгоҳи Гунди Шопур ном бурд.

Дар асри Сосониён илму фарҳанг рушду камол ёфта буд ва баъдан китобу китобхонаҳои давраи баъдисломӣ ҳамон дастовардҳои  замони Сосониён мебошад. Китобхонаҳои замони Сомониён яке аз саҳифаҳои дурахшон ва пурифтихори китобдории тоҷик муаррифӣ мегарданд. Дар ин давра афкори китобдорӣ ташаккул меёбад, низоми кори китобхонаҳо рушд ёфта, аз назари  фаннӣ ба сатҳи илм мерасад. Баъдан китобхонаҳо дар мадраса, хонақоҳ ва масҷидҳо низ ба чашм мехӯрад ва бархе дар манзилҳои аъёну ашроф ва шахсиятҳои фарҳангию сиёсии он замон. Китобхонаҳо гарчанде ҳамагонӣ набуданд, баҳраварӣ аз онҳо маҳдуд намешуд.

Дар Тоҷикистон китобхонаҳо бисёранд ва калонтарини онҳо Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад, ки дар тӯли даҳ соли фаъолияташ ба хеле дастовардҳои ноил шудааст. Ҳамарӯз садҳо номгӯ китоб дар толорҳои мухталифи китобхона дар мутолиаи хонандагон қарор дорад. Ҳамарӯза садҳо нафар хонандагон аз ҷумлаи донишҷӯён, унвонҷӯён, магистрҳо, докторону номзадҳои илм ва хонандагони мактабҳои миёна ба ин боргоҳи маърифат меоянд ва ташнагии маънавӣ мешикананд.

Китобхона 40 толори хониш, 22 махзан, маҷлисгоҳҳо ва чопхона дорад. Дар онҳо зиёда аз се миллион нусха китоб ва дигар маводди чопӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст. Хонандагон метавонанд, аз рӯйи хоҳиш ва касб аз толорҳои китобхона истифода намоянд. Дар толори намоиши китоб китобҳои гуногун ба намоиш гузошта мешаванд. Дар толори матбуоти даврӣ рӯзномаву маҷаллаҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Дар Китобхонаи миллӣ марказҳои фарҳангии якчанд кишварҳои дунё  фаъолият менамояд. Онҳо китобу нашрияҳои худро барои хондан пешкаш намуда, чорабиниҳои гуногун мегузаронанд. Маркази иттилоотии Олмон, Маркази фарҳангии Чин, Маркази фарҳангии Корея, гӯшаҳои китоби Белорусия, Туркия ва ғайра китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳоро бо забонҳои англисӣ, олмонӣ, форсӣ, чинӣ, кореягӣ барои истифода пешниҳод мекунад.

Агар ба теъдоди аъзошавӣ дар муддати 10-соли фаъолияти китобхонаи калонтарин дар Осиёи Марказӣ, яъне Китобхонаи миллии Тоҷикистон  назар андозем, мебинем, ки танҳо соли 2021 23173 нафар ба узвияти он пазируфта шудаанд. Тӯли соли гузашта 258 778 нафар вориди толорҳои хониши он шуда, 364 042 китобро барои мутолиа фармоиш додаанд.

Ҳоло аъзои Китобхонаи миллӣ ба 239 520 нафар расидааст.

Мо ҷавонон аз ин ифтихор  мекунем, ки дар замони истиқлолият зиндаги дорем ва Пешвои муаззами маорифпарвари мо чунин шарту шароитҳоро барои мо насли ҷавону умедбахш  муҳайё намудааст.

Малика АБДУЛЛОЕВА,

 шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.