Дар ғами мардум нагирям, номи ман Мавҷуда нест…

Мавҷуда-Ҳакимова91 сол муқаддам шоири маъруфти тоҷик Мавҷуда Ҳакимова дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1958 ин духтараки зебои хуҷандӣ барои амалӣ кардани орзуи хеш ҷониби Душанбе роҳ мегирад ва муҳассили факультаи таъриху филологияи УДТ ба номи В.И.Ленин(ДМТ) мегардад.

Илҳоми эҷод аз овони ҷавонӣ дар ниҳодаш метапиду рӯз то рӯзбештар аланга мегирифт. Дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», моҳномаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва моҳномаи бонувон «Занони Тоҷикистон», ба ҳайси сармуҳаррир фаъолияти босамар дошт. Барои калонсолон, китобҳояш таҳти номҳои «Суруди саҳар», «Илҳом», «Роҳи нур», «Набзи роҳ», «Диёри муҳаббат» нашр шудаанд. Барои бачаҳои азиз, китобҳои «Мошини мошинсавор», «Қатраи офтоб», «Дастони моҳир», «Баҳори шукуфон», «Шаршара» ва дигар маҷмӯаҳои шеър ба таъб расонидааст, ки хело ҷолибу хонданианд.

Ҳама ин дастоварду муваффақиятҳои беназир шоира то синни шастсолагӣ ба даст омаду дар дил нияти амалӣ намудани орзуҳои дигарро дошт. Тараннуми бештари Ватан, модар, ишқ, баҳору зиндагӣ ва олами беғашу афсонавии атфолро дошт. Дар ин чаҳорпорааш меҳру муҳаббати беохир садоқату вафодории худро нисбат ба Ватан арз доштаву ба ғаму шодии мардумикишвар буданро васф намудааст:

Дил агар гирён шавад, он гиряаш беҳуда нест,
Бар ғами мардум насӯзад, он дили афсурда нест.

Бо ғаму шодии мардум зистан қарзи ман аст,
Дар ғами мардум нагирям, номи ман Мавҷуда нест.

Воқеан Мавҷуда Ҳакимова ҳамеша ба халқу Ватани худ фахр мекард. Ифтихори миллӣ доштан, дӯст доштани хасу хори диёр дар ашъори шоира баръало ба чашм мерасад, аммо афсӯс дар ҳамин айёми гулрези ҳаёт, айёми офаридан, айёми шоду масрур зистан, айёми аз минбарҳо шеър хондан, айёми гули сари сабади сӯҳбати ёру дӯстон ва фарзандону наберагон будан, ки айёми камоли инсони соҳибҳунар аст, марги бемаҳал теша бар решаи дарахти ҳаёт, дарахти орзуву ормонҳои бузурги шоираи дарёдилу маҳфилоро ва инсони нотакрор Мавҷуда Ҳакимова зад. Шоираи маҳбубро аз миёни мо ихлосмандонаш даррабуд, вале хушбахтона Мавҷуда Ҳакимова бо накукорӣ ва бо эҷодиёти рангину мондагораш ҳамеша бо мост. Вай баробари фарзандони бомаърифату донишманд, осоре боқӣ гузоштааст, ки номи нек ва рӯҳи ӯро ҳамеша зинда медоранд.

Мавҷуда Ҳакимова дар китоби «Бӯйи баҳор»-и худ чун китобҳои дигараш зебоии табиати афсункор, тараннуми Ватан ва дунёи рангини ксо хуб ба қалам додааст. Аз ин китоби ҷолибу хонданӣ намунаеро манзури шумо намуда, боварӣ дорем, ки онро дасрас карда мехонед ва ғизои маънавӣ мебардоред.

Ватанам

Ватанам, ҷону танам, имонам,

Бо ту пайваста бувад ҳастии ман.

Чашмаи зиндагӣ оғуши ту ҳаст,

Туӣ дар зиндагӣ дилбастаи ман.

Ватанам, ҷону танам.

Сурхии рӯйи ман аз лолаи туст,

 Нури ду дидаам аз гулзорат.

Дили дарёи ман аз Сиру Вахш,

Будбории ман аз кӯҳсорат.

Ватанам ҷону танам.

Гулшани туст маро роҳати ҷон,

Меҳри покат ба сарам меборӣ.

Некбахтам, ки ҳама нози маро,

Ҳамчу модар ту фақат бардорӣ.

Ватанам, ҷону танам.

Бо ту озодаму сарболоям,

Бо ту фархундаяму дилшодам.

Бе ту ман ҳеҷу харобам, Ватанам,

Бо ту пурқудратаму ободам-

Ватанам ҷону танам.

Мавҷуда-ҲакимоваМавҷуда дӯстдор ва парастори фасли баҳор аст. Аз як қисм навиштаҳояш бӯи баҳори Тоҷикистон, бӯи гулу хор, бӯи замини киштзор ва тасвири ҳусни пахтазор меояд. Раъду барқи баҳорон, резаи борон ва шукуфтани дарахтон ва ташвишҳои марди деҳқон ба чашм мерасад.

Маҷмӯаи  шеърҳои Мавҷуда, «Панди дарё» китобест, ки пас аз вафоти шоираи шинохтаи тоҷик чоп шудааст. Дар ин икитоб асарҳои беҳтарини ӯ интихоб шудаанд. Дар тасвири ишқу табиат Мавҷуда салиқаи беандозае дошт, ки хонандаи мӯҳтарам онро ҳис кард.

Дар Китобхонаи миллӣ аз шоираи хушкалом ин асарҳоро метавонед бихонед:

  1. «Суруди баҳор». Матн.Душанбе-1964.
  2. «Илҳом» Маҷмӯаи шеърҳо. Душанбе-1970.
  3. «Мошини мошинсавор» Матн.Душанбе 1972.
  4. «Ба сӯи Нур”. Матн». Душанбе 1972.
  5. «Бачаҳои гулдаст»
  6. «Тӯйи баҳор».Матн.Душанбе 1980.
  7. «Шаршара»Матн.Шеър ва қиссаву достонҳо. Душанбе-1982.
  8. «Дарёи меҳр. Матн. Шеърҳо ва таронаҳо.Душанбе-1982.
  9. Зистан мехоҳад. Матн. Песаҳо.Душанбе-1984.
  10. Дарёча. Матн.Душанбе-2008.
  11. Бӯйи баҳор. Матн. Душанбе-2002.
  12. Маро нағз мебинед. Матн. Душанбе-2008.
  13. Панди дарё. Матн. Шеърҳо.Душанбе-2012.

Шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон