Дар ҳошияи Паём. Китобхона – хонаи дувуми донишҷӯ
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки тавассути интернет ва технологияҳои пешрафтаи муосир миллатҳо дар фазои ягона ва робитаи ногусастанӣ барои таҳкиму рушди худ талош меварзанд, донистани забонҳои хориҷӣ ба хотири иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонишавӣ хеле муҳим ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша ин масъаларо зикр мекунанд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси олӣ, ки як навъ ҳуҷҷати барномавӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мебошад, омӯхтани забонҳои хориҷиро барои аз худ кардани касбу ҳунарҳои муосир, технологияҳои пешрафта таъкид карданд.
Боиси хушнудист, ки сол то сол сафи ҷавонони китобхон дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ, чун дар дигар шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ, меафзояд. Дар ин ҳавои сарди зимистонӣ ба фазои орому мусоид ва гарм ба шуъбаи адабиёти хориҷӣ барои такмили сатҳи забондонӣ ва ошноӣ бо фарҳанг, таърих ва тарзи зиндагии кишварҳои хориҷӣ рӯзона аз 200 то 250 нафар ташриф оварда, баҳра мегиранд. Онҳоро шароити мусоиди техникӣ ва муомилаи хуби китобдорон низ ба китобхона дилгарм мекунад. Охир, аксари онҳо донишҷӯ буда, лоақал 5-6 сол хонандаи доимӣ ҳастанд ва Китобхонаро хонаи дувуми худ меҳисобанд.
Маҷмўи китобҳои Шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи Миллӣ 47 ҳазор нашрияро бо 63 забони хориҷӣ дар бар мегирад. Китобҳо оид ба таърих, сиёсат, ҳуқуқ, адабиётшиносӣ, адабиёти бадеӣ, фалсафа, технология, тиб, илмҳои дақиқ, энсиклопедия асосан бо забонҳои аврупоиву осиёӣ ба хонандагон пешниҳод карда мешаванд. Дар шуъба маҷмӯи китобҳои дарсӣ, омӯзиши забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ мавҷуданд, ки донишҷӯён, толибилмон ва худомӯзон пайваста аз онҳо фаровон истифода мебаранд. Чуноне ки Пешвои Миллат, сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд намудаанд, омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар ҷаҳони муосир, ки робитаҳо ва алоқаҳои байналмилалӣ дар он бо суръат афзоиш ёфта истодаанд, барои ҳар як ҷавон зарур аст. Омӯзиш ва муошират бо дигар забон на танҳо кӯмак мекунад, ки бо мардумони дигар миллатҳо осон муошират намоем, балки роҳ барои омӯзиши илму маърифат ва фарҳанги навро ба рӯи мо мекушояд.
Барои дуруст омӯхтани забон, адабиёт, фарҳанг, таърих ё дилхоҳ фан ҷавонон бояд сараввал аз мутолиаи китоб шуруъ намоянд, зеро мутолиаи китоб кумак мекунад, ки инсон дуруст фикр кунад, тасаввуроти амиқтар пайдо кунад ва дарк намояд, ки нозукиҳои ҷаҳони моро чи гуна метавон омӯхту фаҳмид. Ҳатто мутолиаи китоб метавонад, барои беҳтар шудани вазъи руҳӣ ва эҳсосӣ кумак расонад. Хондани китобҳои бадеӣ, ривоятҳо ва ҳикояҳо низ ба инсонҳо имкон медиҳад, ки бо ҳиссиёти дигарон ҳамдардӣ намуда, ҳамдигарро амиқ дарк намоянд. Мутолиаи китобҳо бо мазмуни ба ҳазлу шӯхӣ ва саргармкунанда метавонад барои аз байн бурдани стресс ва депрессия низ кумак кунад, зеро мутолиа як навъ кушоиш, шифо ва ихтиёран сода дидани мушкилиҳои беарзиши оилавӣ, ҷамъиятӣ ва зиндагӣ мебошад. Хамин тавр, мутолиа дар ташаккули чаҳонбинии инсон ва таҳкими мавқеи ӯ дар ҷомеа кӯмак мерасонад. Ҳар ҷавоне, ки хоҳишманди рушди шахсӣ, оилавӣ, чамъиятӣ ва зиндагии беҳтар бошад, бояд мутолиаи китобро хамчун қисми асосии ҳаёти хеш баргузинад.
Кормандони Китобхонаи миллӣ нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, барои саҳмгузорӣ дар пешрафти илму маърифат ва фарҳанги миллӣ ҳамеша талош меварзанд.
Кайхусрави Субҳонзод,
шуъбаи адабиёти хориҷӣ