Дар ҷевони китоб

aminaҶевони китоби дӯстдорони китоб боз ба як китоб афзуд, яъне ба қатори китобҳои “Нишони некномӣ”, китоби дарсии “Забони модарӣ” (синфи 7), “Фразеологизмҳои осори Садриддин Айнӣ” ва як қатор рисолаҳои илмӣ боз як китоби аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, машъалафрӯзи илму фарҳанг, омӯзгор ва қаламкаши хушном Амина Шарофиддинова бо номи “Дар ҳасрати фаҳми дуруст” дар нашриёти “Графика Принт” (Душанбе) чоп шуд.

Матолиби маҷмӯа  пештар дар матбуоти даврии Ӯзбекистону Тоҷикистон нашр шудаанд ва бори аввалд дар як китоб гулчин мешаванд. Муаллиф пеш аз ҳама дар дифоъи ҳақиқат, ҳамоқат, тарғиби арзишҳои миллӣ, ваҳдат, дӯстӣ, фарҳанги дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик хома меронад. Муҳимтарин ҳадафи китоб пос доштани забону фарҳанги тоҷикони Ӯзбекистон ва ваҳдату якмаромии ин ду қишри бузург аст. Ба гуфти худи муаллиф, дар ин ҷода гиреҳҳои нокушода бисёр аст.

Ба асари тозанашр барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ, олими нуктасанҷу суханвари номдори тоҷик Қодири Рустам пешгуфтор навишта, таъкид намудааст, ки Аминабону Шарофиддинова чеҳра ва номи ошно дар ду кишвар – Ӯзбекистону Тоҷикистон буда, дастикам тоҷиконе, ки дар ин ду кишвари ҳамҷавор мағзашон барои қавмашон меандешад ва дилашон барои Меҳанашон метапад, ӯро мешиносанд ва эҳтиромаш мекунанд.  Ин мақолаҳо нафақат аҳамияти иттилоотӣ доранд, балки муҳимтар аз он ба тақвияти ҳувият ва густариши ифтихори миллӣ мусоидат хоҳанд кард” – таъкид намудааст Қодири Рустам.

“Дар ҳасрати фаҳми дуруст” саргузашти пурмоҷарои муаллиф дар ростои талоши тадрис, тақвияти ҳувият ва густариши ифтихори миллӣ аст, ки аз хонданаш дил пурхун ва чашм пурашк мешавад. Зиндагие, ки ҳар рӯзаш муборизаву муқобилат аст ва намунаи ибрат барои насли навҷавони тоҷики ӯзбекистонӣ мебошад.

Он аз 320 саҳифа ва чаҳор боб, ки “Шаҳсутунҳои миллат”, “Гиреҳкушо”, “Ҳама ҷои Эрон сарои ман аст”, “Меросбарон” номгузорӣ шудаанд, иборат аст.

Дар китоб мақолаҳои муаллиф дар бораи адибон ва рӯшангарони бузурги тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Самарқандӣ, Садриддин Айнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Саидризо Ализода, Мирзо Турсунзода, Наримон Бақозода, Ҳамроқул Шодиқулов ва дигарон гирд оварда шудаанд.

Аз мутолиаи китоб маълум мешавад, ки муаллимаи дилсӯзу заҳматкаши соҳаи маориф ва муборизи адолату ҳақиқат, сарсупурдаи миллат Аминабону Шарофиддинова иқдоми зиёди фарҳангию маърифиро ташкилу сарварӣ намудааст, ҳамкориҳоро байни кишварҳову миллатҳои гуногун роҳандозӣ кардааст, ки қобили таҳсин аст.

Андешаҳо перомуни васоити ахбори омма ва шахсияти журналист басо ҷолиби диққат аст. “Хуб, журналист, бахусус хабарнигори моҳир, ки ин вазифаро бар дӯш дорад, кист ва дорои чӣ гуна хусусиятҳо бояд бошад? – суол мегузорад муаллиф ва посух медиҳад, – ҷиҳати фарқкунандаи журналисти босавод ва моҳир дар шавқи ҳамаҷониба – фарогир доштани ӯ, муносибати вай ба муҳити гирду атроф, хоҳиш ва кӯшиши сарфаҳми рӯйдодҳо ва ҳақиқати ҳол рафтан ва дар ин бобат ҷустуҷӯйҳои шахсии худро бурдани вай намоён мешавад. Танҳо он кас журналисти муваффақ ва муфид барои ҷамъият метавонад бошад, ки вақт ва кӯшишоти худро дар тадқиқи муфассали зуҳуроти иҷтимоӣ дареғ надошта бошад, дараҷаи илҳому рӯҳбаландии кофӣ, маҳорату ғайрат, ҷидду ҷаҳдро соҳиб бошад, то ки мақсаду мароми хешро ба муштариёнаш расонида тавонад. Аз ҳама муҳиму қаноатбахштарин он аст, ки фаъолияти вай ҳақиқатро барқарору касеро ҳимоят мекунад ва ба шахси дигар дилпуриву уммед мебахшад. Ана дар ҳамин аст моҳияту ҷавҳари журналистикаи асил ва кори журналистӣ!”

Воқеан, тазаккур бояд дод, ки гузоришу мақолаҳои дар китоб гирдшуда дар рӯзномаву маҷаллаҳои “Овози тоҷик”, “Овози Самарқанд”, “Ховар”, “Ҷумҳурият”, “Тоҷикистон”, “Гулобод тонги”, “Самарқанд”, “Фирӯза”, “Зиёкор” чоп шудаанд.

Бояд таъкид намуд, ки китобҳои дигар муаллиф “Китобшиносии тоҷик дар замони истиқлолияти Ӯзбекистон” ва “Бонувони порсигӯи Узбекистон” дар дасти чопанд ва онҳоро низ бесаброна интизор хоҳем монд.

Зоҳир Ҳасанзода, нависанда,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон,
узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон,
шаҳри Самарқанд, моҳи майи соли 2023.