Дар кишваре, ки Китобхона ҳаст фарҳанг намемирад
Китоб дӯсту рафиқи беминнати инсон аст. Китоб ба мисли кимиё, ки ба ҳама дардҳои олам шифо аст, инсонро табобат намуда, ба дарди маънавии инсон шифо мебахшад. Китоб ба мисли оинае аст, ки инсон ҳар саҳар худашро дар он дида, зебогиашро афзун намуда, камбудиҳояшро ислоҳ мекунад.
Китоб ганҷианаест, ки ҳамаи ганҷинаҳои оламро аз ҷумлаи тамаддуну маърифат, фарҳангу дониш ва ҳамаи хислатҳои хирадмандонаи инсонҳо ва миллатҳои оламро дар оғўши беканори худ гирифтааст.
Бузургони олам ба он ақидаанд, ки рўзе тифли пок дар батни модар ба вуҷуд меояд, аз он рўз сар карда, китоб бо ӯст. Зеро модар барои аз хатару бемориҳо нигоҳ доштани ў дар батни хеш ба китоб ва гуфтаҳои табибон ки аз китоб сарчашма мегирад фарзандашро аз хатару таҳдидхои беморӣ нигоҳ медорад. Ҳангоме, ки фарзандаш ба дунё меояд, дар зери гаҳвораи фарзандаш китобҳои нодири бузургонро, аз ҷумла девони Ҳофиз ва девони Мавлоноро мегузорд, то он китобҳо тифлашро аз тарсу ҳарос, хоби бад эмин дошта, дар ниҳодаш ҳисси дўст доштани китоб, Модар ва Ватанро тақвият бахшад. Замоне, ки тифлакаш ба синни чорсолагӣ расид ба ў китоби алифбо харида, онро меомўзонад.
Инсон ва китоб аз қадимулайём ин мафҳумҳое мебошанд, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардан ғайриимкон аст. Лекин мушкилӣ дар ҷойи дигар аст. Имрўз кам дар ками инсонҳо ба қадри китоб мерасанд ва онро мехонанд.
Рўзе, ки интернет ихтироъ шуд, он инсонро аз китоб хондан дур намуд. Ҳар маълумоти даркориро инсон бо пахши як тугмача дарёфт намуда, худро танбал намуд. Замонҳои пеш инсон дар лаҳзаҳои хира шудани табъаш, хастагиашро бо хондани китоб ва бардошти илму дониш рафъ менамуд. Ҳоло бошад сад афсўс дар лаҳзаҳои рафъи хастагӣ ва вақтҳои холигӣ инсон тариқи интернет, бо якдигар суҳбатҳои пуч намуда, соатҳои зиёди ҳаёташонро беҳуда сарф мекунанд ва худашон инро эҳсос намекунанд.
Агар хубтар фикр кунем, ҳамон камтютер ва интернет ҳам созанда, ва ихтироотгаре доранд, ки онро аз бардошти илму дониш ва аз китоб гирифтааст. Интеренет бо вуҷуди маълумотҳои фаровон доштанаш ҷойи китобро намегирад. Пас меарзад китобро дар тоқдони дилу дидаамон ҷой диҳем, Зеро бузурге фармудааст.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Китоб дар ҳама давру замон ҳамдами инсонҳо буд. Дар сафарҳо бошад ҳамсафар ва дар хона бошад ҳамзисти уст.
Китоб мисли муаллими солор аз ту чизеро пинҳон намекунад, ба ту ғараз надорад. Дар ҳама холат мунису ғамхори туст. Ақлу дониши туро ҳамеша сайқал дода, мисли гулҳои рангин мешукуфонад. Шахси китобхон мисли дарахти мевадор аст. Аз меваҳои лазизу ширини он коми ҳама ширину гуворо мегардад. Бузургону нобиғагони ҳамаи давру замон аз китоб хондан ва илму донишро аз худ кардан ситораи илму маърифат гардиданд.
Китоб дар радифи модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад. Инсон метавонад бе кишти ба қаъри уқёнус ва бе тайёра гирди замин ва бе киштии кайҳонӣ фалакро сайру гашт кунад. Зеро китоб инсонро бе киштӣ ба уқёнус, бе таёра гирди замин, бе киштии кайҳонӣ гирди фалакро сайр медиҳад, ки ин нуктаро китобшиносони олам тасдиқ кардаанд.
Китоб сарчашмаи дониш аст, моро бо гузаштаи дуру наздик мепайвандад, бо ҳаёти гузаштаю имрӯзу фардо, бо фарҳанги мардумони гуногун ошно месозад. Китоб моро дарси мардонагӣ, дарси одамият меомӯзад. Аз ин рӯ, китоб дӯсти беҳтарини инсон ва роҳнамои зиндагист.
Китоб устоди бемузду беминнат, дусти бегараз, роҳбалади хақиқӣ ва оинаи зиндагии инсон аст. Инсон дар ин оина худро дида камбудиҳояшро ислоҳ намуда, худро ороста ва пероста менамояд. Ин нуктаро Расул Ғамзатов адиби маъруфи Доғистон чунин овардааст. «Халқи бекитоб, мисли одамест, ки оина надорад вай рўйи худро дида наметавонад». Хушбахтона, миллати соҳибтамаддуни мо соҳибкитобу соҳибмаърифат буд ва ҳаст ва он оинаи зиндагӣ яъне китобашро бо нақди ҷон хифз намуда, ба мо мерос гузоштаанд.
Пайдоиши забон, хат ба пайдоиши китоб, алоқаи зич дорад. Аввалин навиштаҳои инсон дар руйи санг, чўб, сафолпораю устухонҳо ва дар пўсти ҳайвонот сурат мегирифтанд ва баъд аз пайдоиши коғаз дар шакли китоб саҳифабандӣ мешудаанд. Аввалин дастнависҳои инсоният дар Миср ҳанўз дар асри 4-3 –юми то мелод навишта шудаанд.
Авесто яке аз китобҳои муққадаси ориёӣ ба ҳисоб меравад, ки дар асри 1 то милод навишта шудааст. Аҷдодони мо асарҳои бузургони хешро бештар бо даст менавиштанд. Хаттотони бузурги мо то ҳол дар китобҳои муътабар бо хаттотии хеш номи худро дар таърих ва китобҳои нодир гузоштаанд. Ин иқдоми онҳо баъди дасгоҳҳои китобчокунӣ ҳам идома ёфтааст, ки меҳнати зиёдро талаб менамуд. Хушбахтона, солҳои 40-уми асри XV аввал дар Олмон аз ҷониби Иогани Гутенбург (1400-68) дастгоҳи китобчопкуни ихтироъ шуд ва он минбаъд такмил ёфта, соли 1468 дар Чехословакия ва Швейтсария, соли 1470 дар Фаронса, соли 1473 дар Лаҳистон ва Маҷористон, 1477 дар Англия ба кор андохта шуд. Соли 1580 дар кишвари Русия бошад аз тарафи Иван Фёдров дастгоҳи китобчопкунӣ ба кор дароварда шуд. Руйдоди муҳими дигар аз ҷониби олимони Русия роҳандозӣ карда шуд, ки минбаъд аз соли 1798 инҷониб Литография яъне чопи сангин китобҳоро бо сурат ва бо зебу зиннати махсус чоп менамуданд.
Ҷалолуддин Нурзода,
Муовини директори
Китобхонаи миллӣ.