Дар Китобхонаи миллӣ “НОМА БА ПАНҶШЕР” рӯнамоӣ шуд

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳузури гарми зумрае аз донишмандон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон ва хонандагон маҷмӯаи шоирону пажӯҳишгарони тоҷик “Нома ба Панҷшер” рӯнамоӣ шуд. Ин китоб ҳамин чанд рӯз пештар бо талоши Иброҳимҷон Дӯстализода ба чоп расид, ки ҳамовозии аҳли қалами Тоҷикистон ба неҳзати бедорӣ ва сулҳхоҳии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд мебошад.

Китоб дар ТҶБ “Истиқбол” бо ду ҳуруф: форсӣ ва срилик нашр шудааст ва ашъори шоирони тоҷик Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Меҳринисо, Рустам Ваҳҳобзода, Ато Мирхоҷа, Озарахш, Шаҳрия, Давлат Сафар, Озар, Абдуллоҳи Раҳнамо, Исмоил Зарифӣ, Салими Зарафшонфар, Нуралӣ Нурзод, Адибаи Хуҷандӣ, Нуқраи Суннатниё, Орзу Исо, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Иброҳимҷон Дӯстализода, Шоира Рахимчон, Адибаи Азиз, Ҷамшед Орифиён, Толиби Луқмон, Бузургмеҳри Баҳодур ва мақолаҳои донишмандону журналистон Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Шукурзода, Анзурати Маликзод, Одил Нозир, Ҳафиз Раҳмон ва дигарон гирдоварӣ шудааст.

Дар ин нигоштаҳо садои эътирози аҳли зиёи Тоҷикистон ба ғасби Афғонистон аз ҷониби гуруҳи террористии “Толибон” ба гӯш мерасад, ҳамчунин аз сиёсати сулҳхоҳонаи Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ мешавад.

Китоб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарафрозгардонии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени Исмоили Сомонӣ дарақаи I оғоз шуда, бо навиштаи Анзурат Маликзод ба поён расидааст.

Шоираи халқии Тоҷикистон устод Гулрухсор гуфт, ки  ҳаводиси Афғонистон ва истодагарии тоҷикон нишон дод, ки ҳоло боз вақти Шоҳноманависӣ фаро расидааст. Шоираи маъруф ҳамчунин иброз дошт, ки “мо тоҷикон дигар наметарсем. Тарс ин бузургтарин гуноҳ аст. Наметарсем, зеро мебинем, ки моро мехоҳанд нест кунанд”.

Ба гуфтаи профессор Абдунабӣ Сатторзода “сарнавишти Афгонистон норушан аст, ё Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ғалаба мекунад ё Афғонистон дар дасти Толибон мемонад ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар тӯлонӣ идома хоҳад кард”. Устод Сатторзода, ки дар рӯнамоии китоби “Нома ба Панҷшер” суханронӣ мекард, толибонро душмани савгандхӯрдаи тоҷикон ва забони фарҳанги онҳо ва душм ани савгандхӯрдаи ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва дигар ақвоми ин кишвар номид.

Раҳима Аъзам