Дар Китобхонаи миллӣ ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои бонувон доир гардид

Шӯрои бонувонТибқи нақшаи корӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” –и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои бонувон ҷаласаи ҳисоботи солонаи худро доир кард.

Дар ҷаласаи мазкур муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода, раиси Шӯрои бонувон Фароғат Толибова, сармутахассиси Медикатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрура Мирзоҳасанова ва сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси муассиса Парвина Нуралиева ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаро муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода оғоз намуда, оид ба масъалаҳои тозагӣ дар муассиса, сару либоси кормандон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилу чорабиниҳо суханронӣ намуд.

Сипас,  Фароғат Толибова раиси Шӯрои бонувони муассиса  ҳисоботи солонаи шӯроро ироа намуда, аз тамоми паҳлуҳои фаъолияти ин бахш сухан гуфт. Занону бонувони муассиса пайваста дар маҳфилу чорабиниҳои дохил ва берун иштироки фаъолона намуда, ҳамчунин як қатор бонувони мо бо гирифтани унвонҳои баланд сарфароз гардидаанд”- гуфт зимни баромади худФароғат Толибова.

Инчунин саҳми занон дар баргузории озмунҳои  ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хеле назаррас буда,  як қатор кормандони фаъол бо Сипосномаи Вазорати мариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ҳамчун бонуи фаъол барои хидматҳои арзанда бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба медали “Хизмати шоиста” сазовор шуда, таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) Сайдалӣ Муҳиддинов дар мавзӯи “Омӯзиши таърихи фаъолиятҳои китобхонаӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1917-1991)” рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Сардори шуъбаи мукаммалгардонии фонд Гулҷаҳон Асоева бо “Раҳматнома”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гашт. Саноат Набиева, сардори шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассиса ва Набобова Фазолат, сармутахассиси Маркази Тоҷикшиносӣ бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Раҳимова Фирӯза, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳи библиографӣ ва Дониярова Шаҳноза, сардори шуъбаи кудакон ва наврасон  дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, бо нишони “Аълочии маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нишони “Маърифпарвар” қадршиносӣ  гардиданд.

Дар идома Масрура Мирзоҳасанова, сармутахассиси Медикатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби муошират дар коргоҳ ва муносибати кормандони давлатӣ маърӯза намуда, ин масъаларо дар рафти пешбурди фаъолияти ҳаррӯза амиқу зарурӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, Парвина Нуралиева, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси муассиса оид ба интизоми меҳнат ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарият ва иҷрои саривақтии онҳо аз ҷониби кормандон суханронӣ кард.

Дар қисмати дигари ҷаласа кормандон назару андешаҳои худро доир ба фаъолияти солонаи Шӯрои бонувон баён дошта, пешниҳодҳои худро барои беҳтарсозии корӣ Шӯро иброз карданд.

Ҷаласаро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки ташаббусҳои бонувони Китобхонаи миллӣ ҳамеша аз ҷониби роҳбарият мавриди истиқбол қарор мегирад ва бонувон дар пешрафти кори муассиса ва рушди соҳаи китобдорӣ нақши сазовор доранд.

Наргис Назарзода