Дар Китобхонаи миллӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин китобхон” доир мегардад

Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни нави ҷумҳуриявӣ бо номи “Беҳтарин китобхон”- ро эълон  менамояд.

Дар Озмун аъзои фаъоли Китобхонаи миллӣ – хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, магистрантҳо, аспирантҳо, докторантон, омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ иштирок карда метавонанд.

Довтабалон дар гурӯҳҳои зерин пешбарӣ мешаванд:

– “Беҳтарин китобхон” – миёни хонандагони то 18-солаи Китобхонаи миллӣ;

– “Беҳтарин китобхон” – миёни хонандагони аз 18- сола болои Китобхонаи миллӣ

Сарпарасти Озмун Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории Озмун: марказҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои хизматрасони Китобхонаи миллӣ мебошанд.

Ғолибони 3 соли охири озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҳуқуқи иштирок дар Озмунро надоранд.

Дар вақти арзёбӣ миқдори дархости китоб ва асарҳои хондашуда, инчунин, шумораи китобҳои бохудгирифта аз рӯйи дафтарчаи хонандагӣ-абониментӣ ба инобат гирифта мешавад

Барои ҳарду гурӯҳ шаш ҷойи ғолиб муқаррар карда шуда,

      барои ҷойи 1-ум – 2 моноблок;

      барои ҷойи 2-юм – 2 ноутбук;

      барои ҷойи 3-юм – 2 планшет, тақдим мегардад.

Ҳамзамон, падару модароне, ки фарзандони то 14 солаашон дар Озмун ғолиб гардидаанд бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Бо Низомномаи Озмун ин ҷо шинос шавед:

НИЗОМНОМАИ ОЗМУН