Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯнамоии се китоби нав таҷлил шуд
Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо нашрияи ҳукуматии рӯзномаи “Народная газета“, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд ва рӯнамони ду дастури библиографӣ “Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1992-2024) ва “Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар саҳифаҳои “Народная газета” ҷилди 2., (1997-2000) –ро баргузор намуд.
Дар ифтитоҳи ҳамоиш директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода суханронӣ кард.
Профессор Файзализода гуфт, ки мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муайян гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 инҷониб мутобиқи муқаррароти зерқисми 73-и моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
“Эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии амиқ дорад”,- илова намуд, устод Ҷумахона Файзализода.
Сипас, Масрур Абдуллозода – мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа суханронӣ карда, аз иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи ӯ дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва истиқлоли комил ҳарф зад. Масрур Абдуллозода ба ҳайати кормандони рӯзномаи “Народная газета” ва китоби “Народная газета” о нородном Президенте” ва Китобхонаи миллӣ барои таҳияи феҳристи адабиёт вобаста ба корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Қайд гардид, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо метавонем, чунин корҳои арзишмандро дар самтҳои гуногун анҷом диҳем.
Дар идома, сармуҳаррири рӯзномаи “Народная газета” Маҳбуба Камолова суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои миллати тоҷик саҳифаи нав ва таърихиро боз намудааст, шодбош намуд.
Маҳбуба Камолова дар идомаи суханронии худ вобаста ба равандҳои таҳия ва нашри ҷилди сеюми китоби “Народная газета” о народном президенте” ва то куҷо муҳим будани ин китоб ҳарф зад.
Маҳбуба Камолова иброз дошт, ки ҷилди сеюми ин китоб дар иртибот ба корнома ва фаъолиятҳои босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи солҳои 2011-2015 таҳия гардидааст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки солҳои 2011-2015 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бисёр муҳим ва таърихи маҳсуб меёбанд чун маҳз дар ин солҳо Тоҷикистон як қатор ташаббусҳои муҳимро дар соҳаи дипломатияи об амалӣ кардааст, ки ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ, таъмини рушди устувор ва нигоҳдории сулҳ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд.
Жило Гулназарзода-ректори Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар идомаи мизи гирд вобаста ба адабиёти рӯнамоигардида суханронӣ кард. Сарвари Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон рӯзномаи “Народная газета”-ро ҳамчун сутуни матбуоти тоҷик ки тулли 100-сол фазои иттилотии моро бо маводҳои рангин, ки ҳамчун роҳнамои маънавии ҷомеа хидмат мекунанд, ном бурд.
Муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ, таъмини истиқлол ва пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, бояд дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шаванд. Ва ин корро барои таърих “Народная газета” анҷом дода истодааст, – гуфт Зиннатуллоҳ Исмоилзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Зиннатуллоҳ Исмоилзода ҳамчунин иқдоми роҳбарияти китобхонаи миллиро дар бахши таҳия ва нашри дастурҳои библиографӣ, ки ҳамчун феҳристи асосӣ барои муҳаққиқон хидмат мекунанд, шоистаи таҳсин донист.
Сайёфи Мизроб, сармуҳаррири ҳафтаномаи “СССР” зимни баромадаш гуфт, ки “Народная газета” на танҳо ҳамчун як рӯзнома, балки чун таърих барои миллати мо хидмат мерасонад. Талошу заҳматҳои ҳайати ин рӯзнома барои фазои иттилооти мо хеле ва хеле бузург аст, ин рӯзнома тайи чанд соли охир корҳоеро ба анҷом расонд, ки воқеан арзандаи таҳсин аст. Аз ҷумла, таҳияи ҷилди сеюми китоби “Народная газета” о нородном Президенте”, ки заҳмати хеле зиёдро талаб мекунад.
Ҳамчунин сармуҳҳарири рӯзномаи “Минбари халқ” Суҳроб Раупов низ ҳайати ин нашрияро барои аз чоп баромдани китоби мазкур шодбош намуда, барои фаъолияти босамари онҳо дар оянда мувафақият таманно намуд. Раупов гуфт, ки таҳияи дастури библиографии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои “Народная газета””. ҷилди 2., (1997-2000) ,ки аз тарафи Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ нашр гардидааст, иқдоми бисёр хушоянд аст ва мо умед дорем ин кор идома хоҳад ёфт.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Акобир Мирзораҳимзода низ таҳияи дастурҳои мазкурро бисёр саривақтӣ ва муҳим арзёби карда, гуфт, ки барои муҳаққиқони ҷавон махсусан магистрантону докторантон, ки мехоҳанд аз корномаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳӣ пайдо намоянд, ин феҳристномаҳо бисёр манбаи хуб ва саривақтӣ буда, ба таври васеъ метавонанд аз онҳо истифода баранд.
Ёдовар бояд шуд, ки масъули баргузории ҳамоиши мазкур Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буд.
Ду дастури библиографӣ – “Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1992-2024) ва “Президент Республики Таджикистан на страницах “Народной газеты” (1997-2000) ва ду ҷилди китоби навчопшудаи нашрияи Ҳукуматии рӯзномаи “Народная газета” бо номи “Народная газета” о Народном Президенте” дар ҳамоиши имрӯза бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардиданд.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.