Дар Китобхонаи миллӣ толори озмуни «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» боз шуд!

Тоҷикон-оинаи таърихи миллат

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Он ба  115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани амру қарорҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи миллӣ толореро ба ин озмуни ҷумҳуриявӣ ихтисос додааст. Бо мақсади шиносоӣ бо толори нав ба он ворид гардидем. Хонандаи аввали толори мазкур Юсуф Давлатёрзода шогирди синфи 10-и мактаби №141, шаҳраки Шарора аст.

Ӯ дар суҳбат гуфт: Мақсад аз омаданам ба ин толори Китобхонаи миллӣ омўзиши таърихи миллатам ва иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон -оинаи таърихи миллат» аст. Мехоҳам саҳмамро дар арсаи ватандорӣ гузорам. Ба озмун дилгармӣ пайдо карданам саҳми падарам аст. Ӯ, ки барои таҳсилам тамоми шароитро фароҳам овардааст, дар хондани таърихи миллат ва донистани он роҳнамоям аст.

Юсуф аз устодаш Идибек  Қурбонов, ки аз фанни таърихи халқи тоҷик дарс мегўяд, изҳори сипос намуд, ки ўро дар мутолиа роҳбаладӣ мекунад.

Юсуф таърихшинос шуданист. Ба ин илм шавқу рағбаи беандоза дорад.

-Кўшиш мекунам аз таърихи миллат як чизи навро пайдо намояму омўзам, иброз дошт дар фароварди суҳбаташ ў.

Ёдовар мешавем, ки барои амалӣ намудани ин озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли равон пешбинӣ гардидаанд, 1480 000 сомонӣ ҷудо шудааст.

Даври якуми озмун моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти идории ноҳия ва шаҳрҳо, даври дуюм моҳи июн ва даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр баргузор мешавад.

Толори вижа дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо ҳама шароити лозим омода ва дар хидмати довталабон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд таърихи Ватан ва миллати худро омӯзанд, қарор дода шудааст. Хонандагон дар ин толор ба кулли китобҳо аз таърихи меҳан дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.

Раҳима БОБОЕВА