Дар Китобхонаи миллӣ забони ношунавоёнро меомӯзанд
Кормандони шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон забони имову ишора, яъне забони ношунавоёнро меомӯзанд. Ин иқдоми роҳбарияти Китобхонаи миллӣ баҳри беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонӣ ба тамоми гурӯҳи хонандагон дар Китобхона мебошад.
Давоми се рӯзи охир аз 1 ум то 3 юми апрел дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бо ҷалби омӯзгори ботаҷриба Суҳроб Маҳмадёров аз мактаби махсуси ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ дарсҳои омӯзиши имову ишора баргузор карда шуд. Дар ин семинар дарсҳо кормандони шуъбаи мазкур, ки ҳамарӯза бо хонандагони имконияти маҳдуддошта аз ҷумла ношунавоён кор мекунанд, иштирок намуданд.
Саодат Набиева сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар дарсҳо иштирок дорад гуфт: “Ҳамарӯза хонандагон ба шуъба меоянд ва имкони хизматрасонӣ ба онҳо душвор мешавад, чунки мо онҳоро ва онҳо моро хуб намефаҳманд. Аз ҳамин лиҳоз тасмим гирифтем, то андозае забони онҳоро аз худ кунем ва ин пешниҳоди моро роҳбари Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода пазируфтанд. Мо давоми 3 рӯз дарсҳоро аз худ намудем ва акнун метавонем то андозае фикри худро ба хонандагони ношунавои шуъбаамон низ баён кунем”.
Мо тасмим дорем, дар оянда алифбои афродеро, ки ба забони ишора ибрози назар мекунанд, низ ба хуби омӯзем, то ки сатҳи хидматрасонӣ беҳтар ва завқи хонандагон ба китобхонӣ бештар гардад” – илова кард, Саодат Набиева.
Ҳамчунин дар ин омӯзиш кормандони дигари шуъба Саломат Яқубова, Ситора Расулова, Барно Саидмуродова, Фирӯз Раҳмонов, Баргигул Наботова ва Рисолат Шералиева иштирок ва имову ишораро омӯхтанд. Акнун хонандагон дар шуъбаи мазкур мунтазири ҳамтақдирони худ нашуда, метавонанд бо кормандони шуъба низ суҳбат кардаву фикрҳои худро барояшон пешниҳод кунанд.
Дар шуъба, инчунин китобҳои гуногун барои омузиши имову ишора гирдоварӣ шудаанд, ки хоҳишмандон метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд.
Бояд қайд кард, ки дар фонди шуъбаи мазкур беш аз 7400 нусха адабиёт нигоҳдорӣ мешаванд, аз ин шумора беш аз
1000 адади онро китобҳои брайлӣ (китобҳо барои нобинён) ташкил медиҳанд. Шумораи хонандагони шуъба наздик ба 700 нафар буда, дар толори хониши он 14 адад компютер мавриди истифодаи хонандагон қарор дорад.
Ҳамчунин шуъбаи хидматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд ҳар моҳ маҳфилҳои «Равшандилон», «Хандарез», «Ганҷи сухан» ва инчунин бахшида ба ҷашну маросимҳо маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ доир менамоянд, ки ин барои ҷалби шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ба китобхонӣ ва лаҳзае шодию хурсандӣ бахшидан ба эшон мебошад.
Наргис Назарзода,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.