Дар маҳфили «Ҳаёти солим» аз риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ гуфтанд

 Дар фазои маҷозӣ бештари аксҳое, ки дар мавзӯъи ғарқ шудани инсон гузошта шудааст, як ё ду дасти аз об берун ва танаи соҳиби дастҳо зери об ноаён ба мушоҳида мерсад. Як манзараи ҳузнангез. Инсон дақиқае пеш ворид об шуд ва зери об фурӯ рафт. Зиндагӣ дар сонияҳои башумор ба марг табдил гашт. Ва мо ин манзараро хеле зиёд баъди хондани хабарҳо тасаввур кардаем. Ҳамасола ҳазорон нафар дар ақсои олам ғарқи об мешаванд ва бо ҷони ширин падруд мегӯянд. Вале ҳамаи онҳо қабл аз он, ки ҷон биспоранд, барои бозгашт ба ҳаёт талош мекунанд ва гувоҳи ин ҳамон манзараи дастҳои берун аз об аст, ки лаҳзаҳои охир дароз мекунанд, то дасти имдоде барояшон расад. Ҳолатҳое ин дастон ба дастони имдодгаре мерасанд ва соҳиби онро аз гирдоби марг берун мекашанд. Аммо на ҳамеша. Шумори наҷотёфтагон аз ғарқшавӣ хеле камтар аз ҷонбохтагон аст.

Пас ин ҷойи андеша дорад: Инсон, ки табиатан тафаккури созанда дорад, бояд дар ин бора низ зиёд андешад. Ҳаддиақал қабл аз он ки ба нияти оббозӣ соҳил меравад, маҷрои дарёро мебинад, умқи кӯлро месанҷад ва қувваи худро медонад, ки то куҷо метавонад шино кунад ва аз куҷо вопас баргардад.

Вале ин фоҷеа дар Тоҷикистон паҳлӯи дигар ҳам дорад. Ҳоло дар обҳои кишвар бештар ноболиғону наврасон дар об ғарқ мешаванд. Зарфи 6 моҳи соли 2022 дар обҳои кишвар 84 нафар ғарқ шуданд, ки 46 нафари онҳо бачаҳои то 16-сола буданд. Ҳафт нафари инҳо то 4-сола буданд, 15 нафар аз 5 то 10 сол доштанд, 24 нафар аз 11 то 16 – сола. Ин як омори такондиҳанда аст, ки шумори кӯдакону наврасон дар ғарқшавӣ бештар аз калонсолон аст. 

Ин буд, ки ширкаткунандагони маҳфили навбатии “Ҳаёти солим” маҳз ҳамин масъаларо мавриди баҳс қарор доданд. Мушкиниссо Халифаева – афсари калон Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе диққати ширкаткунандагонро аввал ба фасли тобистон, гармои шадид ҷалб кард ва баъдан гуфт, ки ҳавои гарм сокинонро бештар ба самти кӯлу соҳили дарёву каналҳо мебарад, ки дар миёнашон кӯдакону наврасон, ҳамсолони ширкаткунандагони ин маҳфил зиёданд.  

Ў ба кўдакон қоидаҳои оббозӣ ва риояи дурусти онҳо тавсияҳо дода, гуфт, ки оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз оббозӣ ҳатман аз назорати духтур бояд гузашт. Вақти хубтар барои оббозӣ соати 8-10-и субҳ ва 17-19-и бегоҳ, на барвақтар  аз якуним соат пас аз хўрокхўрӣ мебошад.

Мушкиниссо Халифаева баъзе аз қоидаҳои оббозиро ба ин тартиб баён кард:

  • Оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси марг гардад!!!
  • Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд дам гирифт. Шиновари хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.
  • Дар ҳоли ғазаб ва асабоният набояд нияти оббозӣ кард.
  • Шумо набояд аз ҷову маконҳои нишонагузоришуда дуртар равед.
  •  Ба об оҳиста дохил шавед, дар ҳолате, ки об то миён расид, истед ва зуд ғӯта занед. Агар ба қувваи худ боварӣ надошта бошед, танҳо шиноварӣ накунед.
  • Дар дарёчаҳо, кўлҳо ва наҳрҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёҳои қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан, азҳушравӣ ва фавт шуда метавонанд.
  • Ба қаиқҳо, заврақҳо ва киштиҳои бузург наздик шудан мумкин нест.
  • Ҳангоми шиноварӣ бо шӯхиву бозӣ аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад.
  • Аз ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда берун баромадан низ мумкин нест.
  • Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонидашуда оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.

 Дар маҳфил зикр гардид, ки аввалин бор бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳавои 20-23 ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст.

Дар поёни барнома миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт.

Ин маҳфил аз ҷониби телевизиони “Баҳористон” пурра сабт гардид ва қарор аст рӯзҳои наздик намоиш дода шавад.

  Раҳима Бобоева,

шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.