Дар маҳфили “Дастони моҳир” сухан аз сабзавот буд

Санаи 22-юми июл маҳфили навбатии “Дастони моҳир” бо ибтикори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили мазкурро мутахассиси шуъба Уғул Бобораҳимова ифтитоҳ намуда, мавзӯъро, ки сабзавот буд, эълон кард.

  Ӯ қайд намуд, ки дар кишвари мо сабзавоти хеле бисёр ва гуногун вохўрда мешавад. Сабзавот барои саломатии инсон аҳамияти калон дорад. Дар таркиби онҳо ғайр аз моддаҳои ғизоӣ боз ба миқдори зиёд витаминҳои гуногун, намакҳои маъданӣ ҳастанд, ки онҳо дар инкишофи муътадилу таъмин кардани тандурустии инсон муфиданд. Аз ин рӯ, тару тоза истеъмол кардани сабзавот бештар ба мақсад мувофиқ аст.

Сипас хонандагон дар васфи сабзавот чистонҳо, шеърҳо қироат намуданд ва аз коғазҳои ранга, маводи конселярӣ ва маводи ороишӣ ҳар гуна сабзавот, ба монанди сабзӣ, каду, пиёз, бодиринг, лаблабу ва ғайра омода намуданд.