Дар меҳмонии Китоби нав “Майна” – қиссаи аҷибу пурмоҷаро
Баҳри ташвиқу тарғиби китобҳои шавқовару пандомез ва боло бардоштани завқу табъи китобхонӣ дар кӯдакону наврасон дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилу барномаҳои гуногун роҳандозӣ гаштаанд. Яке аз ин барномаҳо барномаи “Китоби нав” буда, дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” моҳе ду маротиба сабт мешавад.
“Китоби нав” китобҳои тозанашреро, ки ба шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ворид мегарданд, ба хонандагон муаррифӣ менамояд. Ҳадафи барнома ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхонӣ буда, ҳамзамон онҳоро бо китобҳои тозанашр ошно месозад.
Ин навбат ровии барнома Холид Шарифов бачагонро бо “Майна” ном қиссаи басо аҷибу пурмоҷаро ва хотирмони муваффақтарин адиби маҳбуби бачагон Азизи Азиз шинос кард. Холид Шарифов бо овардани порае аз ин қисса ҳисси кунҷкобии хонандагонро бедор месозад:
“…Бо вуҷуди ин, дар назарам нисфи зиёди таътил якранг гузашт, ҳар рӯз ба рӯзи дигар монанд – аз субҳ то шом футболу оббозию давутоз…
Аммо як воқеа рӯй доду таътил, ба таъбири муаллими табиатшиносии мо Осаф Раҷаб, маънию мазмуни тоза гирифт ва басо аҷибу хотирмон шуд. Ин ҳодисаи ногаҳонӣ ҳушу ёди ману ҷӯраам Муродро чунон ба худ ҷалб намуд, ки моҳи август ба ягон кори дигар машғул нашудем, ҳатто вақте таҳсил оғоз шуд, барои иҷрои вазифаи хонагиамон базӯр фурсат пайдо кардем. Ба зудӣ бачаҳои дигари деҳа низ ба «ташвиш»-и мо шарик шуданд ва аввали моҳи сентябр гапу кор овоза шуда, аз деҳа берун рафту ҳангома хест ва калонсолон ҳам бетараф намонданд.
Ба ҳамааш як чӯҷаи майна сабаб шуд…”
Оё шумо мехоҳед бидонед, ки бо бачаҳо ва чӯҷаи майна чӣ ҳодиса рух дод? Пас, барномаи телевизионии “Китоби нав”-ро дар ТВ “Баҳористон” пайгирӣ намоед.
Ногуфта намонад, ки “Майна”-и Азизи Азизро метавонед дар Китобхонаи миллӣ низ дарёфт намудаву мутолиа кунед. Ин қисса ҳар хонандаи асилро хуш хоҳад омад.
Махфират Муҳидинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа