Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид

АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Миср ду китоб ба забони арабӣ ба нашр расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд.
Китоби якум «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» ном дошта, муаллифони он донишмандони мисрӣ Рифъат Ҳусейн ва Вало Одил мебошанд. Ин китоб оид ба гузаштаву имрӯзи пурифтихори тоҷиконро маълумот дода, хусусиятҳои давлатдорӣ ва расму ойини бостониву имрӯзаи моро барои хонандагон муаррифӣ мекунад.
Китоби дуюм — «Мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон» ба қалами коршиноси мисрии таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Аҳмад Таробек тааллуқ дорад.
Китоб ба муаррифии осори бостонӣ ва мероси ҷаҳонии моддӣ ва ғайримоддии тоҷикон бахшида шудааст.