Дар шуъбаи коркарди адабиёт кӣ ба кадом кор машғул аст?
Шуьбаи коркарди адабиёт дар сохтори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шуьбаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Он фаъолияти худро аз соли 1933 оғоз намуда, соли 1936 дар самти фаъолияти шуъба феҳристи генерали хидматӣ ба фаьолият шуруъ намудааст. Дар тули солҳо ҳайати кормандони шуъба корҳои зиёдеро дар самти фаъолияти феҳристнигорӣ, коркарди адабиёт, ғанигардонидани фонди шуъбахо бо адабиёти дархостшавандаи хонандагон ва ғайра ба сомон расонидааст.
Баъди ба истифода дода шудани бинои нави Китобхонаи миллӣ моҳи апрели соли 2012 самтҳои фаъолияти кори шуъба комилан назаррас гардид. Имрӯз роҳбарии шуъбаи мазкурро зани ҳалиму меҳрубон Сатторова Гулчеҳра Ғафоровна ба зимма дорад, ки дар ихтиёри ӯ 12- нафар мутахассисони пуртаҷрибаи соҳаи китобдорӣ кору фаъолият доранд.
Имрӯзҳо ҳайати кормандони шуъба ҳар моҳ ба микдори 6,500 адад китобҳоро коркард намуда, бар он барга омода менамоянд. Инчунин сармутахассиси шуъба Амонова Маҳбуба мутобиқи дархости истифодабарандагон, олимон, унвонҷуён мутобиқ ба Ҷадвали таснифоти даҳгонаи универсалӣ барои маводҳои илмиву мақолаҳо, китобҳоро аз рӯи соҳаҳо рамзгузорӣ мекунад.
Кормандони шуъба барои захираи фонди китобхона бо феҳристи назоратӣ ҳамеша корбарӣ менамоянд. Зеро, ки танҳо тавассути ин феҳрист метавон баргаҳои феҳристи хидматрасониро мутобиқ ба шароит нигаҳдорӣ ва коркард намуд.
Кормандони шуьба китобҳоро бо тартиби алифбоӣ ҷудо намуда, сипас, аз феҳристи генералӣ аз куттиҳо онҳоро бо забони тоҷикӣ ва русӣ ҷустуҷӯ мекунанд..
Кормандони шуъба Шарифова С. ва Ҳафизова З. аз феҳристи генералӣ адабиётро бо номи муаллиф, номи китоб, соли нашр, ҷои нашр, аз чанд ҷилд иборат будан ва ғайраро ҷустуҷӯ мекунанд.
Кормандони шуьба Ибрагимова С. Сатторова Н. ва Сафарова Р. рақамҳои инвентарии китобҳои такроран воридшударо дар баргаҳо қайд намуда, баъдан дар варақҳои маахсус рақамҳои инвентарӣ, номи муалиф номи китобро навишта ба шуьбаи феҳристнигорӣ месупоранд.
Сармутахассиси шуъба Фахрия Оламова барои китобҳои тозанашр зиёда аз 500-700 нусха баргаҳоро чоп ва таҳрир намуда, 1 нусхаӣ дар феҳристи хидматии шуъба мегузорад ва 2-3 нусхаи дигар ба шуъбаҳои дахлдор равон мекунад.
Ҳамаи китобҳои коркардшударо кормандони ҷавони мо ба барномаи Алиф (ALEPH) ворид менамоянд. Китобҳоро аз рӯи рақамҳои инвентариашон дар рафҳои китоб ҷобаҷо намуда, сипас ба шуьбаҳои дахлдор месупоранд.
Чунин аст фаъолияти кормандони як шуъбаи калидии Китобхонаи миллӣ.
Сайрам Шарифова,
муовини шуъбаи
коркарди адабиёт.