Дар ситоиши бузургии Модар

modarМодар, ту биҳишти ҷовидонӣ, Модар,
Хуршеди баланди осмон
ӣ, Модар.
Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорист,
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ, Модар.
Модар – чи мафҳуми волост. Ҳар вақте ин мафҳумро ба забон меорем, як шахси азизу меҳрубон, қадрдону некусиришт, дилсӯзу муътабар ва раҳнамои ҳаёт ба назар мерасад.

Модар – фариштаест рӯи замин, ки бо чеҳраи нурониаш ба хонадон нурпошӣ карда, ба дилҳо фараҳу шодӣ мебахшад.

Модар – хуршеди ҳаёт, бахшандаи умри инсонӣ, чароғи хонадон ва муқаддастарин шахсест барои ҳар фард.

Азизу меҳрубонам кист? Модар!
Фурӯғи дидагонам кист? Модар!
Забони модарӣ омӯхт бар ман
Ҳамеша дар забонам кист? Модар!

Нақши модар дар ҳаёт басе муҳим аст, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад. Модар –  ситораест дурахшон, ки дар шаби зулмот бо қалби  саршор аз меҳру муҳаббаташ ба оламу одам рӯшанӣ мебахшад. Модар – ягона шахси мунису ғамхор барои мост. Модар – гулест баҳорӣ, ҳамеша хандону шукуфон, ки аз таровати пурнакҳаташ машоми муаттари биҳишт мерасад.

“Ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад амиқтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хеш дарёбад”, – гуфтааст нависандаи фаронсави Оноре де Бальзак дар васфи модар.

Модар – сарчашмаи муҳаббати беканор, махзани ганҷи фарзанд ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Модар – бонуи хонадон, офтоби тобон, таскинбахши қалбҳо ва нусратбахши аҳли башарӣ. Модар – ҳастият баракати зиндагист, қудумат пайроҳаи хушбахтист. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст.

Чи тавре гуфтаанд, биҳишт зери қудуми модарон аст:

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳар чи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст

Он чи дар васфи бихишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши зан-модар гуфтаанд: “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”.

Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш дошта, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем. Агар нури офтоб аз хуррамӣ бошад, пас модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонадон аст.

Қалби модар зеботарин ва ҷовидонтарин ҷойгоҳи фарзанд аст, ҳатто дар рӯзгоре, ки мӯйҳои фарзанд сафед шуда бошанд”.

Стефор

Модар азизтарин шахсест дар олами ҳастӣ. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Такя бар вуҷуди инсонофарини модар, такя бар Яздони пок аст. Модар – ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Модар ба қавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад.

Мо барои озодии миллат ва ободии кишвар, пеш аз хама ба модарони солиму огоҳ ниёз дорем”.  Наполеон

Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт ва қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Онҳо сабабгори ҳамаи афзалиятҳои зиндагианд. Меҳри модарро ягон мавҷудоти дигар, ки моро ҳастию  ҷон бахшидаанд, иваз карда наметавонад. Модар гулафшони замину осмон, ба дунёоварандаи насли инсон аст. Дар ҳақиқат тамоми ҳастии дунё зебост, аммо модар аз он авлотару зеботар аст. Меҳру муҳаббати самимӣ ва шабзиндадориҳои модар – ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натвон кард. Модар калимаест, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон якхел оханги навозишкорона дорад.

Ҳамду Сано бод ба зан, ба модар, ба сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар”!.    М.Горкий

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,

Ангезаест шояд аз аллаҳои модар!!!

Модар – бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Модарам – ту ягона вуҷудаму дӯстам, дастгирам дар парешонҳолию шарикам дар ғаму андӯҳ, лаззати ҳаёту роҳатам дар ҳаёт, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораи фарзандӣ!.

Дар ситоиши модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Дар ҳақиқат ҳам модар дар зиндагӣ шамъест, ки худ месӯзаду ба фарзандонаш рӯшноӣ  мебахшад. Агар дар дунё модар намебуд, ҳаёт арзи вуҷуд намекард. Пас ӯ идомабахши ҳаёт аст. Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар модар  – олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру садоқат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагӣ, назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад. Хидмати модар барои башарият беҳудуд аст. Аз ин хотир меҳру муҳаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир аст.

Бори дигар месазад ба саломатии модар ва ҳамаи модарони азизи кишварамон дасти дуо ба даргоҳи Яздони пок бардошта, умри бардавомашон таманно намоем.

Нилуфар НАЗАРОВА,
корманди шуъбаи илм
ӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ