Дар суҳбати яке аз солортарин хонандагони Китобхонаи миллӣ
Тобистони гарм ва айёми санҷишу имтиҳоноти донишҷўён аст. Толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ пур аз хонанда. Шуморашон басо зиёданду баъзан аз сабаби нарасидани ҷойи нишаст дар роҳраву зинаҳо дар даст китобу дафтар саргарми мутолиаанд. Ва баногоҳ дар миёни анбӯҳи хонандагони ҷавон, чашми мо ба пирзане меафтад, ки барои супурдани дархости китоб навбат мепояд. Диққатамро бештар ба худ кашид ва ниҳоят тасмим гирифтам, ки наздаш равам ва каме ҳам бошад, ҳамсуҳбат шавам.
Бароям посухи ин суол ҷолиб буд, ки ин зани солманд оё барои худ китоб меҷӯяд ва ё ба кадом набераву абераи хонандааш мехоҳад кумак кунад. Мо борҳо шоҳиди он ҳам шудаем, ки кӯдакону наврасонро калонсолон то китобхона раҳнамоӣ мекунанд ва муддате бо онҳо мемонанд, ҳамроҳ бо кормандони китобхона ӯро ҳидоят мекунанд, то барои пайдо кардани китоби мавриди назараш саргардон нашавад. Ин буд, ки хостам бо ин зани солманд ҳамсуҳбат шавам. Ва вақте аз ӯ дар борааш суол кардам, гуфт:
«Ман Қурбоналиева Ҳасратмоҳ, сокини шаҳри Душанбе, зани нафақагири 82 – сола ҳастам. Солҳои тўлонӣ ба соҳаи педагогӣ, яъне омўзгори фанни забон ва адабиёти руси мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 54 ва 94 будам. Собиқаи кории 47 сола дорам. Шукри Худованд зиндагии хушбахтонаро ба сар мебарам.
Ҳамсарам 86-сола, собиқ корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он кас низ давлати пирӣ меронанд. Солҳост, ки хонандаи Китобхонаи миллӣ ҳастам. Ҳанўзам мутолиа намудан шуғли дўстдоштаи ман аст. Ростӣ, ҳар гоҳе роҳ ҷониби Китобхонаи миллиро пеш мегирам, қалбам фараҳ аз шодӣ мегардад. Воқеан, бинои мўҳташами Китобхонаи мо хеле зебо ва барҳавост. Хар боре ин донишҷўёнеро, ки аз ин даргоҳи муқаддас истифода мебаранд, мушоҳида мекунам, ҳавасам меояд. Зеро доиншҷўи имрўза насли хушбахтест. Имрўз барои донишҷў илм аз бар намудан чӣ саҳлу осон аст. Муҳим ин ки талош дошта бошаду майлу рағбат, боқӣ ҳама шароит фароҳам. Фақат доиншҷўёнро месазад, ки хонанд, илм аз бар намоянд, пайи кашфиётҳои нав ба нав гарданд.
Мутаассифона, давроне, ки мо донишҷў будем, чунин шароиту имконот набуд. Барои мо илм омўхтан хеле мушкил ва машаққати зиёдеро талаб менамуд. Вале бовуҷуд мо ташнаи илм будем, меҷустему адабиёти бароямон лозимро пайдо мекардем.
Банда, имрўз дар Китобхона барои ба мутолиа намудани китобҳои бузургон бахусус китоби Имоми Аъзам омадам. Мехоҳам дар бораи ин шахсияти таърихӣ, ин имоми миллионҳо мусалмон, ки роҳи Ҳақро нишон додаву моро ба асли Ислом ошно мекунад, бештар донам. Зиндагиномаи ин шахсияти нотакрор қобили омӯзишу пайравӣ аст.
Аз хизматрасонии кормандони Китобхонаи миллӣ мамнунам. Ҳар боре меоям, маро зуд пазироӣ мекунанд ва китоби хостаи маро ба зудӣ пайдо ва ба дастам медиҳанд.
Шароит дар ин боргоҳи маърифат шоистаи ҳар ситоиш. Ба ҷавонон мехостам бигӯям, ки вақташонро ба беҳудагардӣ талаф надиҳанд, ба ин боргоҳ оянд ва барои худ дониш андӯзанд, ки оянда ба кор равад.”
Шаҳло Раҳимова