«Дар суҳбати адаб» — ошноии наврасон бо ҷаҳони шеър

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи милл»-ӣ Дастгоҳи иҷприяи Президенти ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳфили адабии «Дар суҳбати адаб» баргузор мегардад.

Ин навбат маҳфил ба суҳбати гарму самимӣ бо шоир Муродалӣ Собир бахшида мешавад. Шеър, сухан ва андеша дар ин нишаст ба ҳам меоянд, то хонандагони наврас бо олами эҷод, розҳои сухани шоирона ва ҳунари суханварӣ аз наздик ошно шаванд.

Дар маҳфил шоир аз роҳи эҷоди худ, нақши адабиёт дар тарбияи маънавии инсон ва аҳамияти китобу мутолиа дар ташаккули ҷаҳонбинии насли ҷавон сухан хоҳад гуфт. Ҳамчунин, хонандагон метавонанд бо суолҳои худ ба меҳмони маҳфил муроҷиат намуда,  андешаҳояшонро атрофи шеъру шои рӣ баён кунанд.

«Дар суҳбати адаб» танҳо як маҳфили шеър нест — ин мулоқоти дилҳо бо сухан, дидори насли ҷавон бо аҳли адаб ва фурсатест барои кашфи зебоиҳои ҷаҳони китобу эҷод.

Биёед, дар суҳбати адаб ҳамсафари шеър, китоб ва андеша бошем!

Рӯз: 13 августи соли 2026

Замон: 10:00

МАКОН: Толори адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Вуруд озод