“Динкард”-ро дар Телеграмканали мо бихонед

Динкард“Динкард” китоби чорумин силсилаи “Мероси хаттии бостон” аст, ки соли 2018 Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда буд. Гирдоварӣ ва тадвини Фарангис Шарифова ва муҳаррири китоб Азиз Мирбобоев.

Дар маҷмуа китобҳои 3, 5 ва 7-и “Донишномаи Маздаяснӣ” гирдоварӣ шудааст ва масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ахлоқиро аз мавқеи оини зардуштӣ фаро гирифтааст.

Мураттиб дар пешгуфтори худ ба китоб менависад: “Динкард” китоби сутургест ба забони порсии миёна (паҳлавӣ) аз “аъмол ва корҳои динӣ”, “дарсномаи дини маздоӣ” ё “таълифи динӣ”, ки муҳаққиқон онро “донишномаи дини маздоӣ” номидаанд.

Вожаи “дин” дар ин калима нишондиҳандаи “Авесто”, “Занд-Авесто” ва ривоятҳои марбут ба ин китоб аст.

“Динкард” аслан иборат аз нуҳ китоб аст ва китоби аввал ва дувум ва бахше аз китоби севум аз миён рафтааст.

“Динкард” аз дигар китобҳои паҳлавӣ бузургтар ва муфассалтар аст, аз ин рӯ онро “донишномаи зардуштӣ” хондаанд. Ин китоб маҷмуи матолиби навиштаҳои пешини зардуштӣ мебошад. Гирдоварӣ ва тадвини онро танҳо ду нафар, чунонки дар ин китоб зикр шуда, Озарфарнбағи Фаррухзодон (писари Фаррухзод) ва Озарбоди Умедон, ки ҳарду дар асри яки ҳиҷрӣ мезистанд, анҷом додаанд.

Чуноне ишора кардем, ки китоб соли 2018 нашр шуда ва ин силсила бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп мешавад.

“Динкард”-ро шумо метавонед ин ҷо комил мутолиа кунед: ДИНКАРД”