Даргузашти шоири маъруфи Афғонистон Восифи Бохтарӣ

Восифи БохтарӣВосифи Бохтарӣ – шоир маъруфи Афғонистон ва яке аз бузугмардони шеъри форсӣ аз олам гузашт. Духтараш Манижа Бохтарӣ, ки ҳамакнун Сафири Фавқулода ва Мухтори Афғонистон дар Австрия аст, дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт:

Устод Восиф Бохтарӣ падари мо, пири мо, донои мо, ҷони мо, ҷаҳони мо дишаб ба абадият пайваст. Дар рӯзҳои поини умраш барояш лолоӣ ва шеър хондем ва дастҳои ранҷурашро навозиш кардем. Зиндагии ӯ чунон бузург буд ва ёди ӯ чунин бошукуҳ аст, ки марг вомдори ӯ хоҳад монд, то ҳанӯз, то ҳамеша…”

Устод Восифи Бохтарӣ аз ҷумлаи маъруфтарин шоирони форсигӯи қарни бистум ва бистуякум ба шумор мерафт, ки дар Тоҷикистон низ шинохташуда буд.