Дарси таърихии ҷавонон

Ҷашни Ваҳдат воқеан ҷашнест, ки тамоми дигар ҷашнвораҳо аз он сарчашма мегиранд. Натанҳо ҷамъият, балки тамоми инсоният ниёзманди ваҳдату якдилист. Дар ин радиф Тоҷикистони тозаистиқлоли мо низ толиби ин арзиши маънавӣ аст.

Бояд ёдовар шуд, ки имрӯз аксар кишварҳои рўи олам аз ин неъмати беназир маҳруманд ва баҳри ба даст овардани он талошҳо доранд. Набояд фаромўш кард, ки мо низ дар соҳиб шудани Ваҳдати миллӣ на кам ҷонбозиҳо кардаем!

Имрӯз ҳаёту фаъолияти ҷавонон, ки ояндаи дурахшон ба дасти онҳост дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат хусусан дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Онҳо дар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёт мавқеи устувори худро пайдо кардаанд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавононро лозим аст, ки баҳри ҳифзу ҳимояи Ваҳдати миллӣ содиқу вафодор бошанд. Чунки маҳз огоҳ набудани бархе аз ҷавонон аз арзишҳо ба мисли ҳамдиливу ҳамбастагӣ боиси гумроҳиҳои зиёде дар кишвари тозаистиқлоламон гардидааст, ки то ба имрўз ташвишоваранд.

Ҳар ҷавони соҳибхирад бояд дарк карда бошад, ки мо танҳо аз маҳсули ваҳдат имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт комёбу сарфарозем. Чӣ дар самти таълим ва чӣ дар самти фаъолияту соҳибкорӣ ба комёбиҳои назаррас ноилем. Хушбахтона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо хотири осуда ҳаёт ба сар мебарем. Ва самари ниҳоли Ваҳдати миллии тоҷикон, ки имрўз шуҳраи хориҷ гаштааст, набояд аз назари соҳибхиради дохил маҳрум монад. Чуноне ки дар миёни омма мегўянд: “Он чи ки аён аст ҳоҷат ба баён нест”, – агар чашми ақлро кушоем худ шоҳиди созандагиҳоем ва ниёзе бар тавсиф намемонад. Масали “қадри зарро заргар медонад” набояд фаромӯш шавад, чунки дар роҳи ба даст овардани ваҳдат заҳмату талошҳои андаке сарф нашудааст.

Мутаассифона ҳанўз ҳам душманони нокоми миллати тоҷик то ҳол ба ваҳдати мо ҳасуданду баҳри аз байн бурдани он домҳо мегузоранд ва хусусан ҷавононро дар амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокашон гумроҳ месозанд. Ҳол он ки кунун ҷавонони зираки мо пухта гаштаву сабақи тарихӣ бардоштаанд ва дар роҳи илму маърифати асил пеш мераванд. Ҳамзамон ҳушёрии сиёсиро аз даст нахоҳанд дод.

Махсусан ҷавонон қиммати ин арзиши ҳаётан муҳимро бештар дарк карда, дар пойдориву ҷовидонагии он бояд масъулиятнок бошанд ва он гуна ки аз он баҳра мегиранд онро бояд амонатдор буда, дар мерос гузоштани он баҳри ояндагон талош варзанд. Ва нигаҳбонии онро вазифаи фарзандиву қарзи ватандорӣ пиндошта, арзандаи номи Модар-Ватан бошанд.

Мунира Саидбекова,

корманди Медиатекаи Президентӣ.