Дарси устод-шогирд бо ширкати меҳмонони москавӣ барои бачаҳо дар Китобхонаи миллӣ

меҳмонони москавӣДирўз дар Китобхонаи миллӣ дарси устод- шогирд миёни хонандагони литсей барои хонандагони болаёқат рақами 2 ва 3 ва шоир, нависанда, тарҷумон, устоди забони англисӣ Наталия Волкова, сардабири нашрияи «Пешком в историю», муаллифи як қатор китобҳои таълимӣ барои кўдакон Александра Литвина ва суханшинос, тарҷумон, коршиноси Маркази китобҳо барои бачаҳо ва барномаҳои кўдакони Китобхонаи адабиёти хориҷии Русия Мария Пономаренко баргузор гардид.

Дар бахши фарҳангии маҳфил шогирдони литсейҳои 2 ва3 барои хонанадагони болаёқати шаҳрои Душанбе бо ду забон – тоҷикиву русӣ шеърҳо қироат намуда, бо пешниҳоди рақсу сурудҳои дилнишин табъи меҳмонон ва ширкатдорони дарси устод-шогирдро хуш гардонданд.

Дар рафти дарс устодон барои шогирдони литсейҳо, ки дар оянда нависанда шудан мехоҳанд, 15 дақиқа вақт доданд, то таасуроташонро доир ба китобхона  дар  5 ҷумла рўи коғаз биёранд. Кўдакону наврасон иброз доштанд, ки мехоҳанд мисли Наталия Волкова ва Александра Литвина нависандаҳои бузург шаванд.

Дар ҳаҷми 5 ҷумла наврасон дар бораи китобхона навиштанд ва устодон ба онҳо баҳои баланд дода, навиштаҳояшонро барои тафтиш ва муайян намудани ҷойҳои сазовор бо худ бурданд.

Раҳима Бобоева,
шуъбаи тарғиб ва
баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.