Дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва аҳамияти он

Дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ маводҳои характери роҳбарӣ дошта, қомусҳо, луғатномаҳо, маълумотномаҳо ва дастурҳои библиографӣ (ба ҷуз аз феҳристу картотекаҳои баргаӣ, феҳристҳои электронӣ) ва захираи маълумотҳои иҷрошударо дар бар мегирад.

Дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар ҳар як китобхона новобаста аз шакл ва намудашон зарур ва ҳатмист. Захираи ин нашрияҳо ба эҳтиёҷоти истифодабарандагон равона карда шудааст. Яъне ин захира на танҳо барои хадамоти маълумотдиҳӣ ва дигар корҳои библиографӣ равона шудааст, онро хонандагони халқаи васеъ ва мутахассисони соҳаҳои мухталиф мустақиман мавриди истифода карор бояд диҳанд.

Таркиб ва мазмуни дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ба соҳаи пурранамоии китобхона мувофиқат намуда, накшаҳои мавзуӣ ва оҷилии пурранамои вобастагӣ дорад. Усул ва сарчашмаҳои пурранамоии нашрҳои захираи нашрҳои маълумотдиҳӣ-библиографӣ бо сарчашмаҳои пурранамоии захираи китобхонаҳо мувофиқат мекунад.

Асноди ба ҳайати захираи нашрҳои маълумотдиҳӣ-библиографӣ дохилшударо ба се гурўҳ ҷудо менамоем. Ба гурўҳи аввал асноди дорои аҳамияти муҳими назариявию методологӣ, аснодҳои давлатӣ, асарҳои ходимони намоёни давлатӣ, инчунин асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва китобҳои дарсӣ дохил мешаванд.

Ба гурўҳи дуюм нашрҳои маълумотӣ ба монанди Қомусҳо, луғатҳо, маълумотномаҳо, тақвимҳо ва ғайраҳо шомиланд.

Ба гурўҳи сеюм дастурҳои библиографӣ ва нишодиҳандаҳои ёрирасон ба онҳо дохил мешаванд.

Ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ кори саҳл нест. Он омўзиши тўлонй, захираи китоб, хонандагони он шароиту имконияти китобхонаро тақозо мекунад. Ин раванд аз рўи нақшаи доимӣ бо ширкати фаъолони соҳа ба субут расонида мешавад. Дар ҷамъоварии нашрҳои маълумотдиҳию библиографӣ илова ба омилҳои иброз гардида, мушоҳидакории библиографӣ низ нақши босазо дорад.

Дар Китобхонаи миллӣ теъдоди ин гуна нашрҳо хело зиёд мебошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар аксарияти шуъбаҳои китобхона ин намуди нашрҳо вуҷуд доранд. Махсусан дар шуъбаҳои библиография ва маълумотдиҳии библиографии китобхонаҳо теъдоди ин гуна нашрҳо хело зиёд аст. Дар шуъбаҳои библиография теъдоди зиёди қомусҳо, луғатномаҳо ва солномаҳо, ки асосан дар даврони Шўравӣ ва ҳамчунин дар даврони истиқлолият аз чоп баромада мавриди истифода қарор доранд. Дар байни нашрҳои номбурда тақвими ҷашну санаҳои мардуми маҳбубияти бештареро доро мебошад.

Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ фаъолияти худро аз соли 1938 оғоз намуда, то ин ҷониб мақсади ниҳоии он ташкили хизматрасонии маълумотӣ, иттилоотӣ ва тавсиявии библиографӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Истифодаи махзани (фонд)-и шуъба барои истифодабарандагон озод буда, дорои 10502 ҳазор маълумотномаҳо, донишномаҳо, луғатҳо ва тавсияи библиографӣ бо забони русӣ доир ба тамоми соҳаҳои дониш мебошад.

Шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ