Дастхатҳои ниёкон ва нақши Китобхонаи миллӣ дар ҳифзи он

Тамаддуни инсонӣ танҳо бо ёдгориҳои моддӣ: қасрҳо, шаҳрҳо ва иншооти меъморӣ маҳдуд намешавад. Пойдортарин нишонаи ҳузури инсон дар таърих андешаест, ки дар осори хаттӣ сабт гардидааст. Аз ин нуқтаи назар, дар тули қарнҳо дастхатҳои ниёкон  шакли олии нигоҳдорӣ ва интиқоли тафаккури инсонӣ ба шумор мераванд. Онҳо маҳсули фаъолияти зеҳнӣ, таҷрибаи иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии фарҳангии ҷомеаҳои гузашта буда, нақши миёнрави маърифатиро дар иртиботи таърихии наслҳои гузашта бо насли муосир амалӣ менамоянд.

Дар тамаддуни тоҷику форс ва кулли ҷаҳони Шарқ анъанаи дастнависӣ дар гузашта мақоми хосро доро буд. Китоб ва таҳия кардани он на танҳо амали техникӣ, балки ҷузъи фарҳанги маърифатӣ, ахлоқӣ ва динӣ маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, омӯзиши дастхатҳо имрӯз ба як самти мустақили таҳқиқоти илмӣ табдил ёфтааст, ки соҳаҳои таърих, забоншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва матншиносиро ба ҳам алоқаманд мекунад.

Дастхатҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими таҳқиқоти таърихӣ. Аз лиҳози методологии таърихшиносӣ, дастхатҳои қадимӣ сарчашмаҳои дараҷаи аввал ба ҳисоб мераванд. Онҳо воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии замони худро мустақиман инъикос намуда, ба муҳаққиқон имконият медиҳанд, ки масоили таърихиро бо такя ба манбаҳои аслӣ, бидуни ворид намудани тафсирҳои баъдина баррасӣ мекунанд.

Дар навбати худ, бидуни шак, дастхатҳо муҳтавои маърифатиро на танҳо дар сатҳи воқеаҳо, балки дар сатҳи тафаккур ҳифз менамоянд. Забони баён, истилоҳот ва тарзи таҳлили масъалаҳо нишон медиҳанд, ки қишрҳои иҷтимоии давраҳои пешин ҷаҳонро чӣ гуна дарк мекарданд. Аз ин лиҳоз, онҳо барои бозсозии воқеияти таърихӣ дорои аҳамияти методологӣ доранд.

Арзиши забоншиносӣ ва матншиносӣ.  Таҳқиқи хусусиятҳои забонӣ яке аз самтҳои калидии омӯзиши дастхатҳо ба шумор меравад. Дастхатҳо равандҳои тағйири фонетикӣ, морфологӣ ва синтаксисии забонро дар тули қарнҳо инъикос менамоянд. Тавассути онҳо метавон ташаккули истилоҳоти илмӣ, таҳаввули услуби адабӣ ва тағйирёбии меъёрҳои забони хаттиро мавриди таҳлил қарор дод.

Матншиносӣ, ҳамчун шохаи мустақили илм, раванди таҳлили муқоисавии нусхаҳои гуногуни дастхатҳоро пурра тадқиқ менамояд. Ин ҷараён имкон медиҳад, ки матни аслӣ муайян шуда, тағйирот, иловаҳо ва таҳрирҳои минбаъда таҳлил ва ҳуҷҷатгузорӣ шаванд. Ба ин васила, таърихи ҳаёти як асар ва таъсири он ба муҳити фарҳангӣ барои мо равшан мегардад.

Нақши дастхатҳо дар рушди илм. Чунон ки қайд гардид, рушди илм дар тамаддуни тоҷику форс ва дар ҷаҳони Шарқ бо такя ба анъанаи дастнависӣ амалӣ шудааст ва бе он тасаввурнопазир аст. Илмҳои тиб, риёзиёт, нуҷум, ҷуғрофия ва фалсафа бар асоси дастхатҳо ба рушди мураттаб ва густариш дарҷ ёфтанд. Дастхатҳо на танҳо василаи ҳифзи дониш, балки ҳамчун муҳити мубодилаи афкор ва фикрҳои илмӣ хидмат мекарданд.

Дар тули солҳо нусхабардорӣ, шарҳнависӣ ва таҳлили осори илмӣ имконият фароҳам овард, ки дониш аз як маркази илмӣ ба маркази илмии дигар интиқол ёбад ва пайваста такмил ёбад. Аз ин ҷиҳат, дастхатҳо метавонанд ҳамчун заминаи ташаккули тафаккури илмӣ ва фарҳангӣ баҳси илмӣ арзёбӣ шаванд.

Адабиёт ва фарҳанги маънавӣ. Дар фазои фарҳангӣ, дастхатҳо нақши калидӣ дар ҳифзи таърих, адабиёт ва арзишҳои маънавӣ аҳамияти хос доранд. Осори адабӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ на танҳо маълумот ва мазмун, балки тафаккур ва рӯҳи замонро инъикос менамоянд.

Осори адабӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ ба ташаккули ҳувияти миллӣ, ҷаҳонбинии ахлоқӣ ва завқи эстетикии ҷомеа таъсири амиқ расониданд. Мутолааи онҳо имкон медиҳад, ки муносибати инсон ба ҳаёт, табиат, ҷомеа ва маънои ҳастӣ дар давраҳои гуногун таҳлил карда шавад.

Ҳунари хаттотӣ ва фарҳанги китоб. Дастхатҳо ҳамзамон маҳсули мазмун ва намунаи олии санъати хаттотӣ мебошанд. Хат дар тамаддуни шарқӣ як навъи санъати мукаммал маҳсуб меёфт, ки меъёр, мувозинат ва зебоиро талаб мекард.

Ороиши саҳифа, интихоби хат, сифати коғаз ва ранг нишон медиҳанд, ки китоб ҳамчун объекти фарҳангӣ ва маънавӣ эҳтиром мешуд. Ин гуна муносибат фарҳанги китобдӯстиро ташаккул дода, ҷойгоҳи донишро дар ҷомеа боло бурд.

Талафот ва парокандагии мерос. Бо вуҷуди арзиши баланди худ, дастхатҳо дар тули таърих борҳо дучори талафот гардидаанд. Ҷангу шӯришҳо, истилоҳо, сӯхторҳо ва беэътиноии инсонӣ сабаб шуданд, ки қисми зиёди ин мерос аз байн равад. Қисме аз дастхатҳо ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон интиқол ёфта, имрӯз дар китобхонаҳои хориҷӣ маҳфузанд.

Ин парокандагӣ танҳо натиҷаи талафоти фарҳангӣ ва маънавӣ нест, балки он нишон медиҳад, ки дастхатҳо нақши умумибашарӣ ва аҳаммияти байналмилалӣ доранд. Ин ҳолат, аз як сӯ, осебпазирии мерос ва зарурати ҳифзи он ва аз тарафи дигар, паҳншавии дониш ва арзишҳои фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва пайвастшавии тамаддунҳоро таъкид мекунад.

Дастхатҳо дар замони муосир. Дар асри муосир омӯзиши дастхатҳо бо истифода аз усулҳои нави илмӣ сурат мегирад. Рақамисозӣ, таҳқиқоти байнисоҳаӣ ва нашри академӣ имконият медиҳанд, ки ин мерос аз хатар эмин монда, ба муҳити илмии ҷаҳонӣ ворид гардад. Ин раванд на танҳо ҳифзи физикии дастхатҳоро таъмин мекунад, балки онҳоро ба манбаи фаъоли дониш барои ҷомеаи муосир табдил медиҳад.

Дастхатҳои ниёкон  падидаи мураккаби илмӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ки дар худ таърих, забон, илм ва маънавиятро муттаҳид месозанд. Онҳо на танҳо ёдгории гузашта, балки сарчашмаи фаъоли маърифат барои имрӯз ва фардо мебошанд. Ҳифз, омӯзиш ва бозгардонидани ин мерос ба гардиши илмӣ вазифаи муҳими ҷомеаи фарҳангӣ маҳсуб ёфта, заминаи устувори рушди худшиносӣ ва маърифати наслҳои ояндаро фароҳам меорад.

Ҳамин тавр, фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар ҳифз, омӯзиш ва нашри дастхатҳои ниёкон, ки зиёда аз 3000 нусха мебошад,  нақши стратегӣ ва калидӣ дорад. Китобхона на танҳо дастрасӣ ба мероси қадимиро фароҳам меорад, балки бо истифода аз нашри академӣ, рақамисозӣ ва тадқиқоти байнисоҳаӣ, дастхатҳоро ба муҳити илмии байналмилалӣ ворид менамояд. Ин раванд аҳаммияти илмӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии дастхатҳоро ҳамчун падидаи умумибашарӣ нишон медиҳад ва онҳоро ҳамчун пойгоҳи таҳқиқоти таърихӣ, забонӣ, илмӣ ва эстетикӣ барои наслҳои оянда муаррифӣ мекунад.

Бо чунин фаъолиятҳо Китобхонаи миллӣ ҳам дар ҳифзи мерос ва ҳам дар ташаккули фарҳанги китобдӯстӣ, таҳкими худшиносӣ ва рушди маърифати миллӣ ва ҷаҳонӣ-илмӣ саҳми муассир мебозад.

Муҳаммад САФАРОВ,
номзади илмҳои педагогӣ,
сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҳмадалӣ ЗИЁЕВ,

сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.