Дастхатҳои Шарқ. «Таърихи Фирӯзшоҳӣ»- Зиёи Баранӣ

Таърихи ФирӯзшоҳӣЗиёвуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Баранӣ яке аз муаррихони машҳури асри XIV мелодӣ мебошад, ки тақрибан солҳои 12851357 ҳаёт ба сар бурдааст.. Ў  эҳтимол дар минтақаи Деҳлӣ ё атрофи он, ба дунё омадааст. Баранӣ дар оилаи уламо ва хизматчиёни дарбор ба воя расидааст. Аҷдодони ӯ бо султонони Деҳлӣ робитаи наздик доштанд ва бархе аз онҳо мансабдорони давлатӣ низ буданд. Ин муҳит ба ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва таърихии ӯ таъсири амиқ гузошт.

Аз сабабе, ки забони расмии илму идора дар он давра забони форсӣ буд, ў бештар бо ҳамин забон менавишт. Ӯ яке аз аввалин муаррихоне буд, ки ба масъалаҳои ҷомеашиносӣ ва фалсафаи таърих таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Ба назари ў таърих натанҳо сабти воқеаҳо, балки таҳлили онҳо ва сабабу натиҷаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро меомӯхт. Бояд ҳаминро қайд намуд, ки навиштаҳои Баранӣ равон, пурмаъно ва дорои услуби баланди адабӣ мебошад.

Зиёуддини Баранӣ, муаррих, адиб ва мутафаккири сиёсӣ буд, ки бо андешаҳои амиқ ва танқидии худ дар таърихи Ҳинди асримиёнагӣ мақоми баланд дорад. Осори ӯ на танҳо барои омӯзиши таърих, балки барои дарки афкори сиёсӣ ва ахлоқии асри XIV низ аҳамияти калон доранд. Ў дорои асарҳои зиёд мебошад аз ҷумла «Таърихи Фирӯзшоҳӣ», «Ахбори Бармакиён» ё «Ахбори Баромика» (тарҷумаи форсии асари Абулқосим Муҳаммади Тоифӣ), «Фатовои ҷаҳондорӣ», «Наъти Муҳаммадӣ», «Иноятнома», «Маосири содот», «Ҳасратнома» ва ғайра.

Таърихи Фирӯзшоҳӣ«Таърихи Фирӯзшоҳӣ» яке аз асарҳои машҳури таърихии Зиёуддин Баранӣ  асри XIV мебошад. Ин китоб аз манбаъҳои муҳимми таърихи Ҳинди асримиёнагӣ ба шумор меравад. Асари мазкур таърихи Султонати Деҳлиро дар бар мегирад ва воқеаҳои давраи ҳукмронии султонҳои турку афғонро тасвир мекунад.

Баранӣ бештар ба замони султонҳо аз сулолаи Хилҷиён ва оғози сулолаи Туғлақиён таваҷҷуҳ намудааст. Қисми асосии асар ба давраи ҳукмронии Алоуддин Хилҷӣ, Муҳаммад ибни Туғлуқ ва махсусан Фирӯзшоҳ Туғлуқ бахшида шудааст. Ин асар чунин мавзуъҳоро  асосан дар бар мегирад: сиёсати давлатдорӣ, муносибати подшоҳ бо уламо ва мардум, адолат ва зулм дар ҳукумат, нақши ислом дар идораи давлат ва сабабҳои пешрафт ва суқути давлатҳо.

Муаллиф таърихро натанҳо нақли воқеаҳо медонист, балки онро дарси ибрат мешуморад ва рӯйдодҳоро бо меъёрҳои ахлоқӣ ва динӣ арзёбӣ мекунад.

«Таърихи Фирӯзшоҳӣ» яке аз сарчашмаҳои асосии таърихи сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳинди асримиёнагӣ мебошад, ки маълумоти дақиқ дар бораи сохтори давлат, иқтисод ва ҷомеа медиҳад ва ҷаҳонбинии таърихии муаррихи мусулмонро иникос менамояд.

Хулоса, «Таърихи Фирӯзшоҳӣ» на танҳо як асари таърихӣ, балки таҳлили амиқи ҷомеа, давлатдорӣ ва ахлоқи сиёсӣ дар асри XIV мебошад.

Бояд ҳаминро қайд намуд, ки ин дастхат  дар Осорхонаи китоби Китобхонаи миллӣ таҳти рақами 322 ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад, ки якчанд саҳфаи дастхат аз нав таъмиру тармим карда шудааст. Варақҳои 1, 34,35,36,337  матн надорад. Агарчӣ дастхат баъзе авроқаш таъмир шуда бошанд, аммо матни дастхат пурра буда, ба таври возеҳ хонда мешавад.

Соли китобат ва ҷои китобаташ маълум нест, аммо аз рўи хат ва коғази онро ба асрҳои XV ва аввалҳои асри XVI нисбат додан мумкин аст.  Хаташ  аз аввал то охир навъи насхи хушхат мебошад. Қоғазаш  навъи мисрии нахўдиранги қадима, муқовааш зангори намногири семуҳра буда, шерозаи он аз лидерини сурхи ҳозира сохта шудааст. Дар авроқи 233 а муҳри  доирашакл  зада шудааст. Андозаи китоб 18,8 х 9,5 буда, андошаи матн бидуни ҳошия 12,8х5 мебошад. Матни ҳар саҳифаро 17 сатрӣ ташкил медиҳад.

Соҳиби дастнавис  Шарифмахсум Дўстмуҳаммадови Бухороӣ  буда, таърихи 1 августи соли 1957 ба Китобхона ворид шудааст.

Шукрона Каримзода,
сармутахассиси шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир.