ДАСТИ ДУОИ МОДАР
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рўзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Ҳамаи олимону орифон, шоирону нависандагон, қаҳрамонону сипаҳсолорон, пешвоёну шоҳон, деҳқону коргарон дар оғўши гарму ҷонфизо бемислу монанди модарон ба воя расида, аз он мактаби нотакрор баҳравар шудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон- мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ў ба камол расида, сабақи одамият омўхтаем. Аввалин шеъри олам низ аллаи Модар аст».
Воқеан дар давраи ҷоҳилият дар мамолики араб ва дигар мамлакатҳо зан қадру манзалат надоштааст. Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) бо қавлу амалашон собит карданд, ки уммати эшон дар муносибат бо занон боэҳтиром бошанд. Дар ҳадиси муборак аз Расуллоҳ (с) чунин ривоят шудааст: «Дар хонае, ки дар он зан вуҷуд надорад, дар он хона хушӣ ва рўшоноӣ вуҷуд надорад». Қобили қайд аст, ки калимаи зан дар китоби муқаддаси Қуръони азимушшаън 84 маротиба зикр гардидааст, ки ин баёнгари ҷойгоҳи волои зан дар Ислом мебошад.
Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дўстиву рафоқат ва некиву некўкориро мекорад, то оянда насли наврас чун шахсони масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондўст ва ватанпарвар ба камол расанд. Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Ва Худои ту ҳукм фармуда, ки ҷуз ӯ ҳеч касро напазиред ва дар бораи падару модар некӯӣ кунед ва чунонки ҳарду ё яке аз онҳо пиру солхӯрда шаванд, ки муҷиби ранҷу заҳмати шумо бошанд, зинҳор калимае, ки боиси ранҷиши хотир шаванд, магӯед ва камтарин озор ба онҳо нарасонед ва бо ишон ба икром ва эҳтиром сухан бигӯед” (сураи Исро, ояи 23).
Мутаассифона имрўз фарзандоне низ ҳастанд, ки модарро хор намуда, дар айёми пирӣ нисбат ба ҳолу аҳволи модар бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни яке аз баромадҳояшон чунин изҳор доштанд: «Баъзе фарзандон анъанаҳои неки милливу мазҳабиамонро зери по карда, аз нигоҳбини падару модарашон даст мекашанд, волидайни худро ба хонаҳои пиронсолон месупоранд ва ҳамаи ранҷу заҳматеро, ки падар ё модар барои фарзанд мекашад, фаромўш карда, бешармона ҳасткунандагони худро хору зор ва бенигоҳубину танҳо мегузоранд. Ҳол он ки якшаба бехобиву ранҷе, ки модар мекашад ва кӯшише, ки падар дар тарбияи фарзанд ба харҷ медиҳад, аз арзишҳои ду ҷаҳон бештар мебошад».
Хушбахтона, дар ҳама давру замон модарро аҳли ҷомеа, хурду бузург, пиру барно иззату эҳтиром ва арҷгузорӣ менамоянд. Дар ситоишу бузургдошти модар аҳли адаб, бузургони рўйи олам беҳтарин суханҳоро гуфтаанду имрўз ҳам мегўянд ва дар оянда низ хоҳанд гуфт. Барои мо, фарзандон, ҳам қарзу ҳам фарзи имонист, ки ҳурмату эҳтироми модарро ба ҷо оварда, мақому манзалаташро арҷ гузошта, меҳри покашро то абад дар сина ҷой диҳем.
Валиев Ҷамил- корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон