Дастури библиографии ду ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастури библиографии “Ду ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар”-ро ба истиқболи 35 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баровард.
Китоб зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода чоп шуд. Мураттиб Мавзуна Салимова; муҳаррир Абубакр Манонзода; муҳаррири техникӣ Зафар Саидзода, муқарриз Т. Холиқов.
Нишондиҳандаи библиографии “Ду ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таъмини амнияти озуқаворӣ ва Саноатикунонии босуръати кишвар” солҳои (1993-2024) инъикосгари фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мебошад.
Нишондиҳандаи мазкур аз ду боб иборат буда, боби аввал “Таъмини амнияти озуқаворӣ” ва боби дуюм “Саноатикунонии босуръати кишвар” мебошад. Ҳар як боби он дорои санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ба ҳадафҳои мазкур таалуқ доранд ба тасвиб расидааст.
Дастур аз мундариҷа, пешгуфтор, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрониҳо ва муроҷиатномаҳои Пешвои миллат, асарҳо доир ба ду ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон, манбаи электронӣ ва зерқисмҳо, ки ба таври алифбоӣ ҷобаҷогузорӣ шудаанд, иборат буда, дар он 2511 мавод гирдоварӣ шудааст ва дастур аз 416 саҳифа иборат аст.
Дар боби якум “Таъмини амнияти озуқаворӣ” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – 31 адад, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 4, фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 4, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5, қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9, қарорҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –5, қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитсон – 8, қарори Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 14, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –7, қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон – 4, қарори Шурои Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –1; қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷукмҳурии Тоҷикистон – 1, қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон – 11, Осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – 20, Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 26, суханрониҳо, муроҷиатномаҳои Пешвои миллат – 264, сафарҳои Президент дар дохили мамлакат – 219, сафарҳои Президент ба хориҷи кишвар – 127, навид – 226, асарҳо доир ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат – 8, мавод дар саҳифаҳои нашри даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор –95, манбаи электронӣ – 288 инъикос гардидаанд.
Боби дуюм “Саноатикунонии босуръати кишвар” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – 12 адад, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2, фаромони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5, қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –4, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 4, қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –1, қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитсон – 1, Қарори Маҷлси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2, қарори Шурои маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2, қарори шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 13, суханрониҳо, муроҷиатномаҳои Пешвои миллат – 266, сафарҳои Президент дар дохили мамлакат –200, сафарҳои Президент дар хориҷи кишвар – 5, мавод дар саҳифаҳои нашри даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор – 74, манбаи электронӣ – 269 маводро дар бар мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки феҳрист дар заминаи махзани Китобхонаи миллӣ, саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва нашрҳои алоҳида, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия гардида, маводи ҷамъгардида тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили он бо тариби алифбоӣ ҷобаҷо шудааст.
Нишондиҳандаи библиографии таҳиягардида барои муҳақиқону коршиносон ва оммаи васеи хонандагон ҳамчун дастур ва раҳнамои илмӣ ёрӣ хоҳад расонд.
Китоби мазкур дар Конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявии “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳуввиятофари миллат” ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонҳо тақдим карда шуд.
Таҳияи Марзияи Зардодхонова,
корманди Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон