Дастури методию библиографии “Адибони Тоҷикистон” аз чоп баромад

Адибони ТоҷикистонҚисми 3-юми “Адибони Тоҷикистон” (тавсияҳои методию библиографӣ барои китобдорон) аз чоп баромад. Ин дастур аз ҷониби кормандони шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо теъдоди 100 нусха ба нашр расидааст.

Мураттиби дастур Ҷурабой Раҷабов буда, бо таҳрири Ҳадиятуллоҳи Амриддин, тақризи муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва зери назари профессор Ҷумахон Файзализода –  директори Китобхонаи миллӣ ба нашр расидааст. Дар пажӯҳиши библиографии он кормандони шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ Исмоил Саидзода, Аниса Ғозизода, Гулноза Саидова ва Суман Суюнова иштирок намудаанд.

“Адибони Тоҷикистон” қисми 3 бо қарори Шурои илмию методии Китобхонаи миллӣ аз 19.01.2024, №1 ба чоп тавсия шуда, аз 148 саҳифа иборат мебошад.

Дар силсилаи навбатии «Адибони Тоҷикистон» мавод оид ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии адибони муосири тоҷик – Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Ик­ромӣ, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Кароматулло Мирзо­ев ва Ҷамолиддин Тошматов пешниҳод шудаанд, ки он­ҳо дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар байни хонандагону аҳолии минтақаи хизматрасонии ки­тобхона ба китобдорон кумак мерасонанд.

Дар дастур мустақиман нуҳ тавсияҳои методӣ бахшида ба адибон пешкаш шудааст ва дар ҳамаи онҳо аввалан тавсияҳо ба китобдорон, сипас шаклу намудҳои корҳои оммавӣ ва баъдан адабиёти зарурӣ барои истифодабарӣ дар баргузории чорабиниҳо манзур гардидааст.

Дар нақшаи намоиши китобӣ асарҳои адибон ва адабиёт дар бораи онҳо интихобан оварда шудаанд ва китобдор метавонад, ки онҳоро тибқи дархосту сатҳи дони­ши хонанда дар чорабиниҳои шифоҳию аёнии китобхона мавриди истифода қарор диҳад ва дар тарѓиби осори ади­бон ҳиссаи муносиби худро гузорад.

Дастур барои китобдорони китобхонаҳои саросари кишвар роҳнамои муносиб буда, барои тарғиби осори адибони тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Ин дастур дар доираи нақша-чорабиниҳои Китобхонаи миллӣ ҷиҳати таҳия ва нашри дастуру тавсияҳои методӣ ба китобдорони ҷумҳурӣ таҳия гардида, баёнгари иҷрои рисолати Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази методии китобхонаҳои кишвар мебошад.

Китобдорон ва хоҳишмандон метавонанд дастури мазкурро аз Китобхонаи миллӣ дастрас намоянд.

Ҳадиятуллоҳи Амриддин, сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ.