Давлат Назрӣ: “Тоҷикон ва марзбандии соли 1924…”
Дар китоби номзади илмҳои таърих Давлат Назрӣ (Давлаталӣ Назризода) нақши Ленин, Сталин ва дигар шахсиятҳои сиёсӣ дар марзбандии Осиёи Марказӣ дар солҳои 20-уми асри XX назарияи ленинӣ оид ба худмуайянкунии миллатҳо, супориши Ленин дар бораи Узбекия, Қирғизия ва Туркмения, шуравишавии Хоразм ва Бухоро, пешниҳоди Ф. Хоҷаев оид ба таъсис додани вилояти мухтори тоҷикон, нақши Бюрои Осиёимиёнагии КМ РКП (б) ба тақсимбандӣ пешниҳоди И. Бройдо оид ба тақсимбандии миллию ҳудудӣ, нақши намояндагони халқи тоҷик дар тақсимбандии миллию ҳудудӣ ва муайян кардани марзамини худ ба таври дақиқ инъикос ёфтаанд.
Ҳамчунин қарорҳои ниҳоии Тошканду Бухоро оид ба тақсимбандии миллию давлатии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ (Туркистон, Бухоро, Хоразм), пешниҳоди Куйбишев дар бораи таъсис додани Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон бо пуррагӣ ба Тоҷикистон ҳамроҳ кардани Помир, муаммои “Лоиҳаи Чичерин”, вазъи Тоҷикистону тоҷикон дар ҳайати Узбекистон, ҳамзамон ҳамроҳ кардани округи Хуҷанд ва ҷумҳурии иттифоқӣ шудани Тоҷикистон, инчунин ҳамроҳ нашудани Сурхондарё ба Тоҷикистон ва Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва таҳдиди аз даст додани якпорчагии ҷумҳурӣ маълумот дода шудааст.
Китоби Давлат Назрӣ “Тоҷикон ва марзбандии соли 1924 (ҷанбаҳои амалии мавзуъ)” бо ин сарсухан оғоз шудааст:
Имсол аз рӯзи бунёди Тоҷикистон чун ҷумҳурии худмухтор сад сол пур мешавад. Халқи тоҷик дар таърихи гузаштаи худ соҳиби давлатдориҳои зиёд буд, вале вижагии бунёдгузории ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки дар сарнавишти ин миллат ба марҳалаи нав оғоз бахшид. Аз ин рӯ ин рӯйдоди сад соли пеш барои мардуми мо аҳамияти бузург дорад ва таърихи имрӯзаи давлатамон чун ҷумҳурии озоду ягона аз ҳамон рӯзҳои тақдирсоз сарчашма мегирад.
Аз бунёди ҷумҳурии мухтор ба баъд бар асари пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ Тоҷикистон соли 1929 ҷумҳурии иттифоқӣ шуда, соли 1991 дар баробари дигар ҷумҳуриҳои шуравӣ Истиқлоли давлатӣ ба даст овард. Имрӯз давлат таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти чашмрас дорад ва бо ташаббусу ибтикори созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро ишғол намудааст. Иқтидори иқтисодии кишвар аз ҳисоби ба кор даровардани нерӯгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои нави саноатӣ, бунёди роҳи пулҳо ва дигар иншооти инфрасохторию коммуникатсионӣ бомаром боло меравад.
Мавзуи ин пажӯҳиши мо назари нав андохтан ба ҳамон давраи пурпечутоби марзбандии солҳои 20-уми асри гузашта аст, ки дар натиҷаи он тоҷикон низ соҳиби ҷумҳурии худ шуданд.
Дар бораи “табартақсими” ҳудуди халқҳои Осиёи Миёна дар замони марзбандии солҳои 20-ум, ки дар натиҷаи он ҷумҳуриҳои нав, аз ҷумла, Тоҷикистон ташкил ёфтанд ва дар ин раванд ба беадолатиҳо нисбати халқи тоҷик роҳ дода шуд, бисёр навиштаанд. Ҳангоми омӯзиши иддае аз ин асарҳо ва муқоиса кардани онҳо бо сарчашмаҳои бойгонӣ ва маводди дар воситаҳои ахбори ҳамон замон чопшуда баъзе таҳрифу арзёбиҳои нодуруст ба чашм расид, ки мо тасмим гирифтем ба онҳо то андозае равшанӣ андозем. Пешакӣ бояд бигӯем, ки ин ҷо мақсад паст задан ё боло гузоштани халқе нисбати дигарон нест чун медонем ки ҳамаи халқҳои минтақа соҳиби таъриху фарҳанги шоистаи худ ҳастанд ва асрҳо боз халқи тоҷик бо онҳо паҳлӯ ба паҳлӯ зист дорад, куҷое ҳаммонандиҳо доранд, тули асрҳо аз ҳамдигар чизҳои зиёде омӯхтанд ва чизҳоеро ҳам бебозгашт бо худ гирифтанд, моли худ карданд. Тоҷикҳо беҳуда намегӯянд, ки ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст. Ин ҷо гап сари омилҳои хоси он замон ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаву дастандаркороне меравад, ки боиси каҷравиҳо дар он раванд гардидаанд ва ин мутаассифона, дар сарнавишти давлатдориҳои навини тоҷикон нақши худро гузошт. Равандҳое, ки садаи ХХ – уми солҳои гузашта рух доданд ва каҷравиҳо доштанду ба тоҷикон зарба заданд, ин як тарафи масъала аст. Рӯяи дигари он муносибати пажӯҳишгарон ба он равандҳои таърихӣ ва арзёбӣ ба ин ё он халқ аст, ки мутаассифона аз воқеият канор гирифта, ба дарёфти камбудиҳо нуқтаҳои заъф, инкор кардани мавҷудияти ин ё он халқ, асоснок кардани тасмимгириҳо ба омилҳое, ки аҳамияти дуюмдараҷа ё сеюмдараҷа доштанд ва ғайра қаҳрамон тарошидан аз шахсоне, ки бо гуноҳи онҳо чунин натиҷагириҳо шуда буд, даст мезананд. Албатта, аз пушти навиштаи ҳар муҳаққиқу нависанда нашуда, фақат доир ба он мавзеъгириҳое ибрози назар мекунем, ки аз назари мо барои омӯзиши масъала аҳамияти принсипиалӣ доранд.
Худшиносӣ ва худогоҳӣ бо ҳам пайванданд. Барои худшинос будан донистани таърих, ба таври воқеъи инъикос кардани он ва мунсифона баҳо додан ба рӯйдодҳои таърихӣ дар ин росто хидмати бузургеро ба ҷо оварда метавонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани навиштаашон ба “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров чунин гуфтаанд: ”Худшиносӣ ва ҳувийяти миллӣ аз огоҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ ва ошноӣ бо корномаи фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву истиқлол ва таҳкиму пойдории давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад.
Моро зарур аст, ки худогоҳу худшинос бошем, таърихи пурифтихору фарҳанги оламшумули ниёгони сарбаланди хешро аз худ намоем, ба хизматҳои беназири адибону мутафаккирони номдори пешинаамон арҷ гузорем ва барои ҳифзи суннату анъанаҳои неке, ки аз замони бостон то ба имрӯз боқӣ мондаанд, талош варзем, хотираи фарҳангиву таърихии худро тавсеа бахшем, барои пойдории истиқлолу озодии давлати миллиамон ва ҳар як ваҷаб хоки ин Ватани муқаддас ҳамеша омода бошем.”
Дар вобастагӣ ба мавзуъ ҳамчунин зикр кардан бамаврид аст, ки ҳангоми таъсис додани Ҷумҳурии Тоҷикистон бар хилофи хиёнати баъзе намояндагони миллати тоҷик, ки ҳамон вақт ба решаҳои давлатдории он табар задаанд, касоне аз миллатҳои дигар овоз баланд карданд ва то ҷое масъаларо ба фоидаи тоҷикон ҳал намуданд. Ҳанӯз дар марҳалаи баррасии масъалаи марзбандӣ муовини Камиссари халқӣ оид ба корҳои миллатҳо Г.И. Бройдо дар гузорише ба КМ РКП(б) пешниҳод карда буд, ки барои тоҷикон ҷумҳурии мухтор таъсис дода шавад. Ин андеша аз ҷониби зеркамисссияи тоҷикон бетаваҷҷуҳ монд ва ҳамон пешниҳоди Ф.Хоҷаев дар бораи дар ҳайати ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон додани вилояти мухтор то натиҷагирии ниҳоӣ дар Тошканду Бухоро бетағйир монд. Вақте ки ҳайатҳо ба Масква рафтанд, то мақомоти умумииттифоқӣ қарори худро оид ба марзбандӣ бароранд, ҳайати тоҷикон бо гуфтугӯи ҷиддие бо раиси комиссия дар Москва В.В.Куйбишев рӯбарӯ омад. В.В. Куйбишев аз номи комиссияи худ ба ҷаласаи Бюрои сиёсии КМ РКП(б) пешниҳод кард, ки ба ҷойи вилояти мухтор ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон таъсис дода шавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъзе олимони мо ин лаҳзаи муҳими таърихиро таҳриф карданӣ шуданд, ҳатто гуноҳи раҳимбоевҳоро ба гардани Сталин задан хостанд, вале маводи бойгонӣ бебунёд будани чунин кӯшишҳоро ба осонӣ нишон медиҳанд.
Дар китоб санаду маводи зиёд фузуна шудаанд, ки барои омӯзиши масъалаи марзбандӣ ва дигар мавзӯъҳои хоси он замон, ки ба он таъсири бевосита доштанд, аз қабили, пантуркизм, панисломизм, ҳаракатҳои босмачиён, мухторияти Қуқанд ва ғайра ёрии ҷиддӣ расонда метавонанд. Аз ҷумла, аз ин мавод ба равшанӣ падид меояд, ки ҳаракати босмачиён аз оғоз лоиҳаи пантуркистон буд ва ба манфиати онҳо хизмат кард. Яке аз душвориҳои тоҷикон ҳам дар раванди марзбандӣ ҳамин ҳаракати босмачиён буд: халқҳои ҳамсоя ба ҳар чи бештар васеъ кардани ҳудуди худ машғул буданду тоҷикон банди мубориза бо босмачиён. Таасуфовар он аст, ки чанд сол боз дар саҳифаҳои матбуот баъзе олимони мо барои сафед кардани босмачиён кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Воқеан дар солҳои барқарор кардани ҳукумати шуравӣ бар асари омилҳои гуногун дар баъзе минтақаҳо гурӯҳҳои алоҳида аз мардуми маҳаллӣ сар бардошта буданд, вале онҳоро ба ҳаракати босмачиён пайваст кардан аз рӯи мантиқ нест.
Китоби Давлат Назрӣ “Тоҷикон ва марзбандии соли 1924 (ҷанбаҳои амалии маавзуъ)” – ҳар хоҳишманд метавонад дар Китобхонаи миллӣ бихонад. Ин китоб бахусус барои муаррихон, пажӯҳишгарони таърихи навини халқи тоҷик хеле судманд аст.
Таҳияи Манижа ИБРОҲИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ: