Давлатов Нуриддин Шералиевич
Соли 1930 ба дунё омадааст. Баъди хатми Омўзишгоҳи маданию маърифатии ноҳияи Ленин (соли 1952) муддате мудири китобхонаи корхонаи нонбарории пойтахт ва китобдори китобхонаи бачагонаи шаҳри Душанбе буд.
Соли 1953 ба донишкадаи омўзгории пойтахт дохил шуда, пас аз хатми он дар Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ фаъолияташро аз методисти шўъбаи илмӣ-методӣ оғоз намуда, баъдан ба сифати муҳаррири калон, мудири сектори мутамарказонидани маҷмўи китобхонаҳо, мудири сектори пуркунии хазинаи китобхонаҳо адои вазифа намудааст.
Дар тўли фаъолияти беш аз сисолааш Нуриддин Давлатов теъдоди зиёди дастуру тавсияномаҳо аз қабили «Тарғиби адабиёти ҳуқуқшиносӣ дар китобхонаҳо», «Нон сарвати халқ» , «Кори якҷояи китобхонаҳо бо муассисаҳо ва ташкилотҳо», «Нигаҳдории фондҳои китобхонаҳои Тоҷикистон», «Муваффақиятҳо дар пурракунии фонди китобӣ ва таснифоти китобхонавию библиографӣ» ва ғайраро мураттаб сохтааст.
Ў дар тарҷумаи дастурҳои методии китобхонаҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба забони тоҷикӣ низ саҳм гузоштааст.Таҳлилу баррасии фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва тавсияҳои судманди ў ҷиҳати беҳтар намудани вазъи кори китобхонаҳо тавассути силсилаи мақолот ва дастурҳои методӣ мавриди арзёбӣ қарор мегирифтанд.
Нуриддин Давлатов перомуни паҳлуҳои мухталифи фаъолияти китобдорону китобхонаҳо қариб панҷоҳ мақолаҳои илмӣ –оммавӣ ва иттилоотӣ дар матбуоти даврӣ ба табъ расонидааст.
Семинар яке аз шаклҳои прогрессивии баландбардории фаъолияти кории китобдорон дар китобхонаҳо ба шумор меравад ва қайд кардан ҷоиз аст, ки Давлатов дар 75 семинар иштирок намуда, бо баромадҳои пурмазмуни худ ба дили зиёда аз 3000 иштирокчиён роҳ ёфтааст.
Нуриддин Шералиевич дар давоми фаъолияти кории худ 204 маротиба ба шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ сафар намуда, 1236 рўзи кориро ба ёрии амалию методӣ расонидан ба зиёда аз ҳазор китобхонаҳо бахшидааст.
Бояд зикр кард, ки ў дар ин мавридҳо ба таҳлили кори китобдорону китобхонаҳои гуногун низ камар баста, хулосаҳои худро ба воситаи матбуоти даврӣ ва дастурҳои методӣ тарғиб намудааст.
Нуриддин Шералиевич Давлатов барои хидматҳои шоёну бисёрсолааш барҳо Граматаҳои фахрӣ, медалу мукофотҳои пулии Вазорати маданияти республика ва Вазорати маданияти ИҶШС, Президиуми Совети Олии СССР мукофонида шудааст.
Ёди ҳамкор ва ҳамкасби азизамон гиромӣ бод!
Сабоҳат Иброҳимова,
муовини сардори
шуъбаи коркарди адабиёт.