Давраи омӯзишии сайёр дар китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин
Бо ташаббуси МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 21 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин курси кӯтоҳмуддати сайёри такмили ихтисос баргузор карда шуд.
Курси сайёр аз рӯи барномаи таълимии “Китобдорӣ – иттилоотӣ” доир шуда, дар он сутахассисони варзидаи соҳа, аз ҷумла номзади илми педагогӣ, дотсент Шарифҷон Комилзода, сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ Атоев Муҳаммадиқбол, сардори шуъбаи нигоҳдории китоб Каримова Наботбегим ва муовини сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ Ҳоҷиакбар Муҳиддин иштирок ва маърӯзаҳои илмию тахассусӣ намуданд.
Мутахассисони “Китобхонаи миллӣ” дар раванди курси сайёр дар баробари барномаи таълимӣ ҳамзамон доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи китобдорӣ, қонунгузории соҳаи китобдорӣ, автоматизатсияи фаъолияти китобдорӣ, фондҳои китобӣ, фонди матбуоти даврӣ, китобхонаҳои электронӣ, раванди тартиб додани феҳристҳои библиографӣ, китобномаҳои шарҳиҳолӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи китобхонаҳо сӯҳбату маълумотҳои ҷадид манзур намуданд.
Дар ҷараёни сафари хидматӣ аз ҷониби Китобхонаи миллӣ ҳамчун кӯмаки методӣ ба китобхонаҳои ноҳияҳои минтақаи Бохтар китобу дастурҳои методӣ ва нашрияҳои чопнамудаи Китобхонаи миллӣ тӯҳфа карда шуд.
Дар фарҷоми курси сайёр ба шунавандагони барномаи таълимӣ аз ҷониби “Китобхонаи миллӣ” сертификати Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ дода шуд.